formula
Барои ором намудани тифл дар вақти дандонбарорӣ чӣ бояд кард?
752



Дандонбарорӣ натанҳо барои тифлакон, балки барои модарон низ як санҷиши ҷиддӣ аст. Кӯдак аз шиддати дард ва хориши вораҳои дандон асабонӣ шуда, инҷиқӣ мекунад, мегиряд, баҳудаву беҳуда ғаш мекунад.

Албатта нооромии фарзанд ба модар низ бе таъсир намемонад. Ба хотири ёрӣ расонидан ба модарони ҷавон мо қарор додем дар бораи роҳҳои оромтар гардонидани тифл дар давраи дандонбарорӣ каме маълумот диҳем.

Кӯдак дар чандмоҳагӣ дандон мебарорад?

Баромадани дандонҳои нахустини кӯдак ба вазъи саломатиаш вобастагӣ дорад. Тифлаконе ҳастанд, ки аллакай дар чормоҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд, бархи дигар дар шашмоҳагӣ ва баъзе кӯдакон дар 9-11 моҳагӣ дандон мебароранд.

Аммо сарфи назар аз он ки кӯдак дар чандмоҳагӣ дандон мебарорад, раванди баромадани дандонҳои аввалин бе инҷиқӣ намегузарад. Аз ҳамин хотир, модар бояд худро қаблан ба ин давраи мушкил руҳан омода созад.

Нишонаҳои дандонбарорӣ

Нишонаи аввалини дандонбарорӣ ҳанӯз 3-4 ҳафта қабл аз баромадани дандонҳои нахустин пайдо мешаванд.

1. Чанд ҳафта пеш аз пайдо шудани нишонаҳои аввалини дандонбарорӣ оби даҳони кӯдак шоридан мегирад.
2. Иштиҳои тифл гум мешавад. Эҳсоси дард намегузорад, ки кӯдак бароҳат шир хӯрад.
3. Варам ва хориши вораҳои дандон боиси он мешавад, ки тифл бозичаҳо ва ашёҳои гуногунро ба даҳонаш бурда, кӯшиши газидан кунад. Дар ин давра модар бояд ҳушёр бошад ва фарзандашро бе назорат нагузорад, то ки тифл ягон чизи сахтро ба даҳонаш набарад. Ин метавонад боиси захмӣ шудан гардад.
4. Табби кӯдак баланд шуда метавонад. Тифлакони солим ҳангоми дандонбарорӣ таб намекунанд, вале дар баъзе кӯдакон то 38% дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан ба назар мерасад.
5. Кӯдак инҷиқ шуда, баҳудаву беҳуда мегиряд ва ғаш мекунад. Сабаб дар он аст, ки вораҳои дандон дард мекунанд. Ҳамаи ин боиси он мегардад, ки кӯдак шабҳо низ ором нахобида бигиряд.
6. Варам кардани вораҳои дандон
7. Кӯдак метавонад шикамрав шавад.
               Модар бояд чӣ кор кунад?
Барои камтар кардани дард ва ором гаштани тифл модар бояд ба фарзандаш ёрӣ расонад. Барои ин:
1. Ба кӯдак барои газидан ягон чиз додан лозим аст. Имрӯзҳо дар дорухонаҳо ва мағозаҳои кӯдакона бозичаҳои махсус (Прорезыватель) барои дандонбарорӣ фурӯхта мешаванд. Метавонед аз ин бозичаҳо истифода баред.
2. Вораҳои дандони кӯдакро бо ангуштатон маҳс кунед, вале ангушти шумо бояд тоза бошад. Барои он ки ягон микроб ба даҳони кӯдак наравад, метавонед ба ангуштатон бинт печонда, баъд вораҳои дандони тифлро маҳс кунед. Ин амал хориши вораҳои дандонро камтар карда, тифл нисбатан оромтар мешавад.
3. Кӯдак дар баробари шири модар ғизои иловагӣ мехӯрда бошад, метавонед ба ӯ пюреи себин ё йогурт диҳед.
4. Барои камтар кардани дард бо маслиҳат ва тавсияи духтури кӯдакона ба тифл доруҳои махсусеро, ки барои дандонбарорӣ пешбинӣ шудаанд, додан мумкин аст, то ин давраро сабуктар гузаронад.
5. Вақте ки кӯдак таб мекунад, аз қафояш шамъча гузоред ё ягон доруи пасткунандаи таб, масалан Парасетамол ё Ибуфен диҳед.

Хулоса, дандонбарорӣ давраи мушкил аст, вале модар бояд худро ба даст гирифта ин давраро сабурона паси сар намояд. Бо ғамхорӣ ва меҳрубонии худ ба фарзандатон дар баровардани дандонҳои нахустанаш ёрӣ диҳед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД