formula
БО ФАРЗАНДИ ХУД БОЗӢ КАРДА, ДУНЁИ ӮРО РАНГИН СОЗЕД!
1873

 Бозӣ барои кӯдакон на танҳо сарчашмаи дилхӯшӣ, балки воситаи хуби омӯзиш ва аз ҷиҳати ақлониву зеҳнӣ хубтар рушд ва обутоб ёфтани тифлакон ба шумор меравад.

Вақте тифли шумо шеъреро аз ёд мекунад, малакаи нутқ ва суханронияш инкишоф меёбад.

Тифли шумо тӯббозиро дӯст медорад? Ӯро аз ин шуғли дӯстдоштааш маҳрум насозед. Ҳангоми бо тӯб бозӣ карданаш тифл хубтар ҳаракат кардану худро идора карданро меомӯзад. Хоначабозӣ кардан мехоҳад? Ҳамроҳаш бо истифода аз ҷиҳози хонаатон хонача созед, ба ӯ кумак расонед, ҳамроҳаш бозӣ кунед.

Дар ин шабу рӯз, ки пандемия сабабгори хонашин шудани аксари модарону кӯдакон гаштааст, кӯдакон наметавонанд бо ҳамсолону ҳамсинфон ва дӯстони худ бозӣ кунанд. Тифлӣ давронест, ки аз чӣ гуна сурат гирифтани он ояндаи ҳар нафар вобастагӣ дорад.

Шумо бояд дар хона барои фарзандатон шароит ва муҳити мусоиди бозӣ карданро фароҳам биёред, то ки ҳам вақтро беҳуда нагузаронеду ҳам дунёи тифли худро рангин гардонед. Кӯдакро дар миёни чор девор мехкӯб кардан имконнопазир аст, аз ин рӯ, нагузоред, ки тифлатон дар хона гирифтори асабхаробӣ ва бемориҳои равонӣ шавад. Бо тифлатон бозиву дилхушӣ кунед, нагузоред, ки беҳтарин даврони умраш беҳудаву бесамар сипарӣ гардад.

Инак, биёед чанд намуди бозиҳоро дида мебароем, ки дар хона бо кӯдак гузаронидан имконпазир аст.


Бозии мазкур хеле ҷолиб ва омӯзанда буда, ба фарзанди шумо имкон медиҳад, ки мусиқиро хубтар дарк намуда, хаёлоти худро инкишоф дода тавонад. Ҳамроҳи тифлатон суруд хонед, ҳамовоз шавед, бо истифода аз қошуқ ва дигар асбоби рӯзгор оҳангеро зам-зама намоед. Дилхушӣ кунед ва рӯзи худро хотирмон гардонед!


Барои ин бозӣ сабзавоту хӯришҳои дар хонаатон бударо истифода баред. Аз фарзандатон чӣ гуна ранг, пӯст, таркиб ва шакл доштани сабзавоту хӯришро пурсон шавед. Дар сурати ба саволҳоятон посух дода натавонистанаш ба ӯ кумак расонед. Ҳар кӯдак бояд номи сабзавотҳоро донад. Сабзавоту хӯришҳоро бо ҳарф ном бурданро ба кӯдак омӯзед. Аз ин бозӣ кӯдак номгӯи сабзавоту хӯришҳоро омӯхта, малакаи забондониии худро такмил медиҳад.

Аксари кӯдакон хоначабозиро хеле дӯст медоранд. Яъне, кӯдак бо истифода аз ҷиҳози хона барои худ хайма ё қалъае месозаду дар дохили он хӯрок хӯрдану хобидан мехоҳад. Шумо метавонед бо истифода аз курсиҳо, кӯрпа, тамоми ашёҳои ороишии атрофатон хайма созед. Баъдан дар дохили он меваву дигар анвои хӯрданиро оварда, рӯи дастурхонча гузореду истеъмол кунед. Дар ин ҳангом метавонед бо ҳамроҳии фарзанди худ ягон қисса фикр кунед. Дар рафти бозии мазкур кӯдак тафаккури эҷодии худро такмил дода, бо аҳли оилааш наздиктар мешавад.

Аз меваву сабзавотҳо (картошка, сабзӣ, помидор) шакли ситорача ё доирача бурида, баъдан ранги акварелро об кунонед. Қолабчаи аз сабзавот буридаатонро дар ранг аз як тараф тар карда, сипас ин “муҳр”-и пайдошударо ба коғаз гузоред. Дар рафти бозии мазкур кӯдак эҷодиёти худро сайқал медиҳад.

Сараввал сабзавотро бо собуноба шустан лозим аст. Баъдан аз кӯдак хоҳиш намоед, ки номгӯи сабзавотро номбар кунад. Дар рафти бозии мазкур кӯдак дониши забондониашро такмил дода, риоя намудани гигиенаро аз худ мекунад.

Ба ин монанд боз даҳҳо намуди бозиҳои дигаре вуҷуд дорад, ки шумо метавонед дар хона фарзанди худро машғули он созед.Фаромӯш насозед, ки умри инсон хеле тез мегузарад ва тифлӣ низ даврони ширинест, ки дар ҳаёти ҳар нафар нақши созандаи худро дорад. Барои он ки бо фарзанди худ наздиктар шаведу дар рушд ва беҳтар афзоиш ёфтани ӯ саҳмгузор бошед, ҳамроҳаш бозӣ кунед.

Бозӣ муҳаббати шуморо ба тифлатон ва меҳри тифлатонро ба шумо афзун мегардонад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД