goodwell
Бонуи маъруфу соҳибэҳтиром
214

Матлуба Мухторова аз шахсиятҳои маъруфу соҳибэҳтироми шаҳри бостонии Истаравшан буда, бо масъулиятшиносӣ, меҳнати ҳалол, иродаи қавӣ, дониши комил, навҷӯию навоварӣ соҳиби обрӯю эътибор гардидааст. Ин бонуи нексиришт тӯли фаъолияти пурсамари худ баҳри рушди соҳаи маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ саҳми арзанда гузоштааст.

Матлуба Мухторова 25-уми июли соли 1956 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба омӯзиши илму дониш шавқи зиёд дошту орзу мекард, ки оянда пешаи омӯзгориро интихоб намояд. Барои амалӣ шудани ормонаш падару модари азизаш дастгиру мададгораш буданд.

Ӯ бо роҳнамоии волидонаш соли 1973 ба факултаи математикаи ИДПЛ ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1977 бо дипломи сурх хатм намуд. Фаъолияти меҳнатияшро дар МТМУ №8-и ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Кӯшониёни вилояти Хатлон) оғоз намуда, соли 1981 ба зодгоҳаш - шаҳри Истаравшан баргашт ва фаъолияти омӯзгориро дар МТМУ №1 ба номи М. Горкий идома дод. Аз таҷрибаи бою ғании омӯзгорони муваффақ Р. Абдуллозода, А. Қаюмзода, М. Бадиев, М. Орипов, Э. Зокиров, С. Абдуллоев ва дигарон баҳра бурд.

Матлуба Мухторова баробари омӯзиши фанни математика барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани насли наврас аҳамияти махсус медод. Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик хонандагонро барои иштирок дар озмуни «Шоҳномахонӣ» омода мекард. Хонандагон соли 1994 дар аввалин Симпозиуми тоҷикони ҷаҳон, ки аз кишварҳои гуногуни олам ҳузур доштанд, иштирок намуданд. Соли 1996 бо роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат гурӯҳи шоҳномахонони Истаравшан ва як қатор омӯзгорон ҳамроҳи олимону муҳақиқиони тоҷик тӯли як моҳ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, шаҳрҳои таърихӣ ва марқади шоирону донишмандони бузурги форсу тоҷикро зиёрат намуданд.

Соли 1987 ба зиммаи Матлуба Мухторова роҳбарии кӯдакистони №1-и шаҳри Истаравшан вогузор шуд. Кӯдакистон дар бинои кӯҳнае, ки қариб 100 сол пеш қомат афрохта буд, ҷой дошт. Бо ташаббуси ин бонуи навовар соли 1989 бинои нави кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд. Дар муддати кӯтоҳ боғчаи мазкур ба яке аз кӯдакистонҳои беҳтарини шаҳр табдил ёфт. Соли 1994 он ба гимназия-кӯдакистон табдил дода шуд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани кӯдакон ба таҳсили минбаъда аҳамияти калон дошт. Матлуба Мухторова тамоми нерӯву таҷрибаи худро баҳри рушди ин муассиса равона намуда, онро ба яке аз беҳтарин муассисаҳои томактабии шаҳр табдил дод. Соли 2010 кӯдакистон ва гимназия ду муассисаи алоҳида шуданд. Имрӯзҳо Кӯдакистони №1-и шаҳри Истаравшан миёни мардум бештар бо номи «Кӯдакистони Мухторова» маъруф аст. Ин худ гувоҳи он аст, ки фаъолияти чандинсолаи Матлуба Мухторова дар рушду пешрафти муассиса то чӣ андоза муассир ва хотирмон будааст. Кӯдакистон то имрӯз яке аз муассисаҳои намунавӣ ва муваффақи шаҳр ба ҳисоб меравад. Айни замон Матлуба Мухторова дар ин муассиса ҳамчун мушовир фаъолияташро идома медиҳад.

Матлуба Мухторова солҳои 2001-2008 раисии Кумитаи маҳаллаи Обидхоҷа Лутфиро ба зимма дошт. Ӯ дар ин давра барои ободонии маҳалла, таҳкими ҳамбастагии сокинон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми назаррас гузошт. Бо заҳмату талошҳои ин бонуи серғайрат дар маҳалла ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшан бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Мавсуф дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар низ иштироки фаъол дошт. Соли 2009 дар Анҷумани Х-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон узви Кумитаи Марказии ҳизб интихоб гардид. Соли 2010 муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан таъин шуд. Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ, қобилияти баланди роҳбарӣ ва обрӯи баланд миёни мардум, соли 2015 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан интихоб гардид.

Маҳз дар замони роҳбарии Матлуба Мухторова нашрияи ҳизбии «Афкори халқ» таъсис ёфт, ки то имрӯз дар тарғиби сиёсати давлатӣ, инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Солҳои 2015-2020 Матлуба Мухторова вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати панҷум) буд. Ҳамзамон як муддат сармушовир оид ба кӯдакистонҳои назди раёсати маорифи шаҳр шуда фаъолият кард. Ӯ дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва беҳбудии зиндагии сокинон талош мекард.

Матлуба Мухторова аз ҷумлаи он занони соҳибмаърифатест, ки бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, заковати баланд ва масъулиятшиносӣ тавонист дар соҳаҳои гуногун муваффақ гардад. Ӯ омӯзгори соҳибтаҷриба, роҳбари кордон, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори дурандеш ва инсони оқилу донишманд мебошад. Дар ҳар вазифае, ки фаъолият намудааст, бо поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ намунаи ибрат гаштааст.

Номи Матлуба Мухторова бо рушди маориф, пешрафти муассисаҳои томактабӣ, тарбияи насли наврас пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки фаъолияти пурмаҳсулу созандааш барои ҷомеа арзиши бузург дошта, барои насли ҷавон намунаи ибрат мебошад.

Зиндагӣ ва фаъолияти Матлуба Мухторова намунаи равшани хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва ҷомеа аст.

Заҳматҳои муаллимаи азиз Матлуба Мухторова бо як қатор мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Дорандаи нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошад, вале мукофоти олие, ки на ҳар кас ба он сазовор мешавад - муҳаббати мардум ва шогирдон ба муаллимаи азиз тақдир кардааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД