Ассалому алайкум! Қарор додам қиссаи худро нависам, то шояд дигарон аз хатои ман ибрат гиранд.
Ман дар соҳаи зебоӣ кор мекунам ва бо даромади ҳамин пеша зиндагии оилаамро пеш мебарам. Ҳар рӯз ду кӯдаки хурдсоламро дар хона гузошта, аз субҳ то шом меҳнат мекунам. Пули иҷораи ҷойи кор, хариди маводи лозима ва дигар хароҷотро маҳз аз ҳамин меҳнати ҳалол мепӯшонам.
Чанд рӯз пеш зане барои дароз кардани мижа ба назди ман омад. Пеш аз оғози кор, мисли ҳамеша, нархи хизматро гуфтам ва ӯ бе ҳеҷ эътирозе розӣ шуд.
Пас аз анҷоми кор, ногаҳон телефони худро гирифта, ба касе занг задан гирифт. Тақрибан даҳ дақиқа вонамуд кард, ки ҷавоб интизор аст. Баъд ба ман гуфт:
– Ба шавҳарам дар WhatsApp нависед. Ӯ ҳоло дар роҳ аст ва маблағро мегузаронад.
Ман ҳам навиштам. Аз рақами шавҳараш ҷавоб омад: «Хоҳарҷон, рақами занамро гиред, ман каме дертар маблағро мегузаронам».
Азбаски он зан ҳомила буд ва ҷавоби шавҳараш ҳам хеле табиӣ менамуд, ягон гумоне накардам. Ба ӯ бовар кардам ва иҷозат додам, ки равад.
Аммо аз ҳамон лаҳза то имрӯз на ба зангҳо ҷавоб медиҳанду на ба паёмҳо. Маблағи хизмат ҳам то ҳол пардохт нашудааст.
Ростӣ, бештар аз маблағ маро худи ин рафтор озурда кард. Намефаҳмам, чӣ гуна инсон метавонад меҳнати ҳалоли касеро нодида гирифта, бо фиреб аз назди ӯ равад. Барои баъзеҳо шояд ин маблағ ночиз бошад, вале барои ман он як қисми даромади рӯзона аст, ки бо заҳмати зиёд ба даст меояд.
Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунанд, бигӯям: ҳеҷ гоҳ муштариро бе гирифтани ҳаққи хизмат ҷавоб надиҳед. Ҳамзамон аз хонандагон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ хоҳиш дорам маслиҳат диҳанд, ки дар чунин ҳолат ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Бо эҳтиром, Динораи фиребхӯрда