toyota motors
Боздиди вазир аз муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ пас аз таъмир
11.06.2026
Oila.tj
149

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз биноҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе пас аз таъмиру тармим дидан ба амал овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хадамот ва маркази мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди корӣ барои кормандон аз таъмиру тармим бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар ин муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ барои пеш бурдани фаъолияти корӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳои лабараторӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҷараёни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти фаъолияти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорат ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе шинос гашта, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД