formula
Дар Русия тоҷикон тоҷикро ғорат карданд
2128


Ман як зани тоҷик, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам, мехоҳам дарди диламро ба ҳамаи ҳамватанони худ бирасонам. Шавҳарам Қодир ману фарзандонамро гирифта ба Русия омад. Хонаеро иҷора гирифта, зиндагӣ мекардем. Ростӣ, барои ман зистан дар ин кишвар аввалҳо хеле душвор буд, чунки то он вақт ягон бор аз Тоҷикистон берун нарафта будам. Обу ҳавои Русия ба саломатиам мувофиқат намекард, сарам мудом вазнину гаранг ва дилам танг буд. Базӯр як моҳ тоқат карда ба шавҳарам гуфтам, ки дигар дар ин ҷо зиста наметавонам, беҳтараш моро ба Ватан гусел кунед, вале мардакам розӣ нашуд. Ваъда дод, ки маро ҳамроҳаш ба кор мебарад, то рӯзи дароз дар хона зиқ нашавам.
Ҳамин тавр дар Русия ба кор сар кардам. Шавҳарам бор меоварду ман мефурӯхтам. Дар муддати начандон зиёд пули калон ҷамъ кардем. Азбаски шавҳарам фарзанди калонии хонаашон буд, мо бояд хонаи алоҳида харида, зиндагиамонро ҷудо мекардем. Аз шиками худу бачаҳоямон зада, пуламонро тин ба тин ҷамъ мекардем, то ки зудтар соҳиби манзили худ бигардем.
Шавҳарам як бегоҳ бо торти калон аз дар даромад. Ҳайрон шудам, ки чаро ширинӣ овардааст. Тортро барои чи харидед гуфта пурсидам. Хандида гуфт: “Фаромӯш кардӣ, ки зодрӯз дорӣ?!


Шавкат низ мисли Яшар дар назари ҳама ҷавони бадахлоқ менамояд, вале рафта-рафта инсони хуб мешавад, аммо нафаҳмида мемонад, ки бо ин рафтораш рӯзе пояш аз осмон канда мегардад.


Ҷашн мегирем!” Хурсанд шудам, ки ман аз серкорӣ зодрӯзи худамро фаромӯш кардааму шавҳари меҳрубонам милоди маро аз ёд набаровардааст. Он шаб дар ҳалқаи фарзандонамон зодрӯзи маро қайд намудем, вале хурсандиамон дер напоид. Тақрибан соатҳои 11 дарамонро кӯфтанд. Баробари дарро кушоданаш шавҳарам муште ба баногӯшаш хӯрда гулдуросзанон ба замин афтид. Тозон ба долон давидам, то бубинам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Аллакай чанд ниқобпӯш дар роҳрав буданд. “Инашро ҳам беҳуш кунед” амр намуд сардорашон бо забони тоҷикӣ. Мушти обдоре ба гардани ман фуруд омад. Дигар чӣ шуд, намедонам. Субҳ ҳушёр шуда худамонро дар беморхона дидем. Ҳамсояамон Мария ҳамроҳи шавҳараш Артур моро ба беморхона оварда будаанд. Забонхат навишта аз беморхона баромадем, то бубинем, ки он авбошҳо чи номаъқулиҳо кардаанд. Кӯдаконамонро аз хонаи ҳамсоя гирифта ба хонаи худ даромадем ва дидем, ки хона такорӯ шудааст. Беинсофҳо раҳм накарда, тамоми пасандози дар тӯли чанд сол бо хуни ҷигар ҷамъкардаамон рабудаанд. Тамоми дороиямонро дар як шаб аз даст дода, қариб девона шудем. Шавҳарам ба милиса муроҷиат кард. Дуздонро ба зудӣ дастгир намуданд. Авбошон бегона не, шарикони худаш, бачаҳои тоҷики ҳамроҳи шавҳарам кор мекардагӣ будаанд. Дилам баъди ҳамин ҳодиса аз ҳамватанонам хунук шуд. Вақте тоҷик тоҷикро ғорат мекунад, аз русҳову қазоқу қирғиз чӣ гила?
Гулбарг, аз ш. Новокузнестк

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД