Commerc banl
Дар шаҳри Ҳисор ду бинои нави тандурустӣ ба истифода дода шуд
30.03.2026
Oila.tj
65

Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ду адад бинои нави муассисаи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар рафти ба истифода додани муассисаҳои навбунёди тандурустӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Шопури ҷамоати деҳоти Навобод Бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зимни ифтитоҳи муассисаҳои тандурустӣ қайд карда шуд, ки биноҳои нави соҳа дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ бунёд гардидаву мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД