new banner new years
Дар соли нав бой шудан мехоҳед?
1827

 

Чанд ирими солинавӣ, ки бахту давлат меоранд

Инсоният аз замони пайдоишаш то кунун ҳамеша дар талоши бахту давлат аст. Новобаста ба пешравии илму техника то имрӯз ҳар кадоми мову шумо дар як гӯшаяки диламон ба муъҷиза бовар дорем. Соли нав замони амалӣ гаштани орзуҳои наҷиб аст. Ба чанд ирими солинавӣ риоя намуда, шумо бахту саодатро ба осонӣ ба ҳаёти худ ҷалб месозед.

Хонабаророн кунед!

Чанд рӯз пеш аз соли нав ҳатман гилему палосҳои хонаатонро бароред ё ҳеҷ набошад, аз чангу ғубор тоза кунед. Ашёҳои куҳна ва зарфҳои лабшикастаро ба партовгоҳ партоед. Аз баҳри пойафзол ва либосҳои куҳнае, ки чанд сол боз намепӯшед, вале ба партофтан дилатон намешавад, гузаред. Гап сари он аст, ки ҳар як чиз ба худ нерӯ-энергия дорад. Вақте ки шумо зарфҳои шикастаю либосҳои фарсударо дар хонаатон нигоҳ медоред, манзилатон бо энергияи манфӣ пур мешавад ва нерӯи хушбахтӣ наметавонад ба он дохил шавад.

Шаби ид партов напартоед!

Дар ёд дошта бошед, ки рӯфтурӯб, шустушӯй ва умуман корҳои марбут ба тозагиро то рӯзи 31-уми декабр анҷом додан лозим аст. Шаби ид партов намепартоянд. Дар шаби соли нав партов партофта, шумо тамоми хушбахтиҳои худро ба қуттии партов меандозед.

Зарфҳои шикастаро аз дастурхон гиред!

Дар дастурхони солинавӣ набояд ягон зарфи лабшикаста бошад. Зарфи булӯрин бошанд ҳам, онро ба рӯйи дастурхон нагузоред, агар ягон ҷояш ҷағ оварда бошад. Тамоми зарфҳое, ки дар болои хони идона мегузоред, бояд сафед бошанд. Зарфҳои рангашон сафед таҷассумгари покӣ буда, хушбахтиро ба хонаи шумо ҷалб месозанд.

Зиёфати идона бояд чӣ гуна бошад?

Камбағал бошед ҳам, кӯшиш кунед, ки ақаллан шаби соли нав хӯрокҳои гӯштӣ пазед. Таомҳои гӯштии бо сабзавот омодашуда ба хонадони шумо муваффақият меоранд. Анвои болои дастурхон ҳар қадар рангоранг бошад, ҳаёти соҳибхона дар соли нав ҳамон андоза рангин мегардад. Албатта қарзу қавола карда, пистаю бодоми қимат ва шоколадҳои туркӣ харидан шарт нест. Шумо метавонед дастурхони идонаатонро бо хӯришҳои ранг ба ранги гӯштию сабзавотӣ ва кулчаю самбӯсаҳои варақин оро диҳед.

Хушбахтӣ дар пиёлаи шарбат

Дар дастурхони солинавӣ ҳар кадоми мову шумо дар баробари хӯроку хӯриш шароб, шарбат ва компот низ мегузорем. Ақидае вуҷуд дорад, ки охирин қатраи шарбат қудрати муъҷизавӣ дошта, касро ба орзую умедаш мерасонад. Шахсе, ки охирин қатраи шарбат ё компоти дар бонка бударо менӯшад, орзуҳояш дар соли нав амалӣ мегарданд.

Бой шудан мехоҳед?

Акнун меоем сари масъалаи асосӣ-сарвату боигарӣ!

Як қатор амалҳои солинавие ҳастанд, ки барои пулдор шудан ба инсон кӯмак мекунанд. Бой шудан хоҳед, новобаста ба ҳама сарфу хароҷотҳо дар шабу рӯзи соли нав ҳатман дар ҷайбатон як миқдор маблағи нақдро нигоҳ доред. Дар кисаатон пул ҳар қадар бисёр бошад, ҳамон қадар хуб аст. “Пул тарафи пул меравад” гуфтани халқ беҳуда нест, зеро пул низ энергия дорад. Вақте дар кисаи шумо пул ҳаст, он албатта доллар ва евроро мисли оҳанрабо ба худ мекашад. Фаромӯш накунед, шахсе, ки соли навро бо ҷайби холӣ пешвоз мегирад, то охири сол азоби бепулӣ хоҳад кашид.

Боз як ирими дигари солинавӣ вуҷуд дорад, ки боиси сарватманд гаштани инсон мешавад. Дар лаҳзаҳои охирини сол, қабл аз он ки занги соати 12-00 садо медиҳад, як тангаро ба истакони шустагӣ андохта, ба болояш шарбати мева резед ва то қатраи охирин бинӯшед. Тангаро ба ҳамёнатон андохта, то охири соли нав бо худ нигоҳ доред. Ин тангаи сеҳрнок тамоми сол ҷайби шуморо пури пул нигоҳ хоҳад дошт.

Қарз нагиред-қарз надиҳед!

Кӯшиш намоед, ки то фаро расидани соли нав тамоми қарзҳои гирифтаатонро баргардонед, вагарна тамоми сол қарздорон аз қафоятон давида, ҷони шуморо ба лабатон меоранд. Дар шабу рӯзи соли нав қарз додан низ хосияти хуб надорад. Фарқ надорад, ки аз шумо пул мепурсанд, ашё ва ё либос, умуман ба ягон кас қарз надиҳед.

Харидори аввалинро нагардонед!

Тоҷирон бояд дар рӯзи аввали соли нав бисёр эҳтиёткор бошанд. Вақте ки рӯзи 1-уми январ шумо дӯконатонро мекушоеду харидори аввалин пайдо шуда, молатонро арзон мекунад, биниатонро инҷ карда «намешавад» нагӯед. Бо 50% тахфиф бошад ҳам, молатонро ба ӯ фурӯшед, зеро харидори аввалин корти бурду бохти савдогар аст. Вақте ки харидори аввал бо лаби пурханда аз назди шумо меравад, харидорон мисли селаи кабӯтар ба дӯкони шумо медароянд. Харидори аввалинро ноумед кунед, барор аз шумо рӯй метобад ва тамоми сол ба харидор зор мешавед.


Модарони пур аз дарду ғамро офарида, гумон намекардам, ки худам низ хонаи дард мешавам... Бо вуҷуди ҳамаи ин, шукр, шукр, ки мардум дар симои ман модари худашро мебинад.

 


Дайдугӣ ва ҷанҷол накунед!

Соли навро одам бояд ҳатман дар хонаи худаш бо зану фарзанд ва аҳли оилааш пешвоз бигирад. Ин амал шуморо тамоми сол дар назди пайвандонатон нигоҳ дошта, меҳру муҳаббати оилавиро меафзояд. Шаби соли нав дунёро дар саратон гардон кунанд ҳам, бо ягон кас, хоса одамони наздикатон ҷангу ҷанҷол накунед. Фаромӯш накунед, ки хурдтарин баҳс дар шаби соли нав метавонад оташи низоъро ба хонаи шумо ворид намуда, дар давоми сол боиси ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозираҳои қисматсӯз бигардад.

Либоси сеҳрнок…

Сарфи назар аз тамоми душвориҳои иқтисодӣ дар соли нав ҳатман либоси нав ба бар кардан лозим аст. Пӯшидани либоси нав дар шаби ид ба кас хушбахтӣ меорад.

Бигзор соли нави 2019 ба шумо ва аҳли хонадонатон танҳо бахту саодат ва барору комёбӣ оварад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД