Arzon march 2024
Дараи Алмосии Ҳисор: Кӯдаки 7-сола дар зери чархи мошин маҷақ шуд
4233


Дар деҳаи Тахти дараи Алмосии Ҳисор фоҷиаи хунин ба вуқуъ пайваста, боиси марги фоҷиавии як писарчаи 7-сола гаштааст. Дар ин бора субҳи имрӯз шоҳидони ҳодиса ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд...

Довудҷони 7-сола мисли дигар ҳамсолонаш бо дили беқарор оғоз ёфтани соли хонишро интизорӣ мекашид. Ин писарчаи зебо имсол бояд ба синфи 1-мерафт. Падару модараш аллакай барои Довудҷон сару либоси мактабӣ, дафтару албому қалам харида буданд. Довудҷон ҳар рӯз бо ифтихор шиму костюм ва сумкаи пур аз лавозимоти мактабиашро ба ҷӯраҳояш нишон дода, бо беқарорӣ рӯзҳоро мешумурд, то ки зудтар дарсҳо оғоз ёбанд ва ӯ низ дар қатори дигар ҳамсолонаш ба мактаб рафта, илму дониш омӯзад, аммо...
Орзуҳои ширини ин кӯдаки маъсум дар як лаҳза ба зери хоки тира рафта, Довудҷон дар зери чархи мошини калони боркаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, падару модараш ба саҳро барои ҷамоварии алаф ба саҳро рафта, ин писарчаи шӯхро низ бо худ бурдаанд. Пас аз алафро ба мошини боркаш бор кардан падари писарча аз ронанда хоҳиш мекунад, ки то каме салқинтар шудани ҳаво дам гирифта, сипас ба роҳ бароянд. Ронанда розӣ мешавад ва ҳама дар гӯшаҳои нисбатан салқин хоб мераванд. Писарчаи барои дамгирӣ ягон ҷойи салқин наёфта ба зери мошин медарояд ва хобаш бурда мемонад. Ронанда ғофил аз он ки кӯдак дар зери мошин хобидааст, муҳаррикро ба кор медарорад ва Довудҷон зери чархҳои азими мошини боркаш монда ба қавле маҷақ мешавад.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, чашмони кӯдаки маъсум аз косахонаи сараш баромада, чунон дар хуни худ ғарқ гашта буд, ки ӯро шинохта намешуд.
Ҷисми ба хоку хун оғуштаи Довудҷони ормониро, ки писари ягонаи Равшан Пиров буд, дар зодгоҳаш, деҳаи Тахти шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.
Тафтишоти ин садамаи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Tahmina Bobokhonova 2019-08-05, 12:05
Худованди Бузург рахмату махфират гураша пурнур гардонад ..ба ахлу хонавода сабр ато кунад омин!!!!!
Посух
Фаррход Насибов 2019-08-05, 12:06
Худо ба рахматаш гирифта бошад
Посух
Maroof Karimzoda 2019-08-05, 12:06
Аллох рахмат кунад! Ба ахлу хонадон сабр ато кунад!
Посух
Мухибахон Набиева 2019-08-05, 12:06
Охх Худоё кощ хамин рузи сахтро нею бехтарин орзухояшонро туйяшро медидан.сахтарин руз барои волидайн ин рузи чудои фарзанд аст.Худованд аз чаннат насибаш гардонад.волидайни азизи ин хонадон ба шумо Сабри Чамил хохонам.
Посух
Илхом 2019-08-05, 12:07
Аллохи Мехрубон чояшро Чаннатул Фирдавс кунад ин додаракро Омин. ба падару модараш сабри чамил хохонем!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Tahmina Bobokhonova 2019-08-05, 12:05
Худованди Бузург рахмату махфират гураша пурнур гардонад ..ба ахлу хонавода сабр ато кунад омин!!!!!
Посух
Фаррход Насибов 2019-08-05, 12:06
Худо ба рахматаш гирифта бошад
Посух
Maroof Karimzoda 2019-08-05, 12:06
Аллох рахмат кунад! Ба ахлу хонадон сабр ато кунад!
Посух
Мухибахон Набиева 2019-08-05, 12:06
Охх Худоё кощ хамин рузи сахтро нею бехтарин орзухояшонро туйяшро медидан.сахтарин руз барои волидайн ин рузи чудои фарзанд аст.Худованд аз чаннат насибаш гардонад.волидайни азизи ин хонадон ба шумо Сабри Чамил хохонам.
Посух
Илхом 2019-08-05, 12:07
Аллохи Мехрубон чояшро Чаннатул Фирдавс кунад ин додаракро Омин. ба падару модараш сабри чамил хохонем!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД