1xbet
Дастаи олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ нахустин бозӣ доир менамояд
173

Имрӯз, 3-юми сентябр дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» нахустин бозӣ анҷом медиҳад.

Бозии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Непал соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 23-сола доир мегардад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо ҳамсолони худ аз Непал (3-юми сентябр), Филиппин (6-уми сентябр) ва Сурия (9-уми сентябр) бозӣ хоҳад кард. Ҳама рақобатҳо бо иштироки дастаи мо соати 21:00 оғоз мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД