Нашъамандӣ мушкили глобалиест, ки миллионҳо одамонро дар саросари ҷаҳон фаро гирифтааст. Тибқи гузориши ахири СММ, айни замон тақрибан 300 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз навъҳои гуногуни маводи мухаддир истифода мебаранд. Албатта, кишвари мо низ истисно нест.
Шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта нисбатан камтар шуда бошад ҳам, то ҳол нашъамандӣ мушкили доғи рӯз боқӣ мемонад. Пайдоиши маводҳои психотропӣ, ҳабҳои синтетикӣ, сигорҳои электронӣ ва намудҳои нав ба нави маводи мухаддир вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонида, ҳушёрӣ ва муборизаи муташаккилонаро ба муқобили нашъамандӣ тақозо менамояд.
Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ мо бо Наимҷон Маликов, психиатор-наркологи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клинникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов дар боби таъсири маводи нашъаовар ба саломатии инсон ва роҳҳои ташхису табобати нашъамадӣ суҳбат оростем ва инак фишурдаи муҳовараи худро манзуратон месозем.
- Аксарият нашъамандиро як одати бади зиёновар мешуморанд, вале табибон онро беморӣ мехонанд. Чаро?
- Истифодаи маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва маводҳои фаъолкунандаи рӯҳӣ одатан бо интихоби худи шахс оғоз мешавад ва ба меъёрҳои иҷтимоӣ мухолиф аст, аммо тиб онро ҳамчун беморӣ мешиносад, зеро истеъмоли чунин маводҳо ба вобастагии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ оварда мерасонад. Истифодаи маводҳои нашъаовар ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад, аммо беш аз ҳама майнаи сар ва асаб зиён мебинад, зеро ин маводҳо назорати эҳсосот ва қабули қарорро тағйир медиҳанд. Ногуфта намонад, ки ба ҳуҷайраҳои ҷигар, дилу рагҳо ва шушҳо низ маводи мухаддир метавонад зиён расонад.
- Аз рӯйи кадом нишонаҳо ба бемории нашъамандӣ гирифтор гаштани шахсро фаҳмидан мумкин аст?
- Аз рӯйи нишонаҳои зоҳирӣ нашъаманд будани шахсро танҳо тахмин кардан мумкин аст ва ташхиси дақиқро мутахассис мегузорад, аммо аломатҳои маъмуль чунинанд:
Тағйироти ҷисмонӣ - сурх будани чашмон, танг ё баръакс хеле васеъ шудани гавҳараки чашм, ларзиши ангуштон (тремор), ноустувории роҳравӣ, камшавии вазн, бӯйи махсуси шабоҳатдошта ба маводи истеъмолшуда аз даҳон ё либос, изҳои сӯзандору дар дастҳо (доғҳо, кабудшавӣ/варамидан), бемории пӯст, ранги зард (осеби ҷигар), хокистарранг будани пӯсти бадан ва ғайра.
Тағйирот дар рафтор - хоболудӣ ё баръакс, ҳаяҷони ғайримуқаррарӣ, пинҳонкорӣ, дурӣ ҷустан аз оила ва дӯстон, аз даст додани шавқ ба кор ё таҳсил, ба таври ногаҳонӣ пайдо шудани “ёру рафиқ” ва шиносҳои нав, мушкилоти молиявӣ бе шарҳи равшан, ҳозир нашудан ба кор, ғоиб шудан аз дарсҳо ва ғайра. Дар баробари ин, ҳолатҳое мешаванд, ки шахси ба маводи нашъовар одаткарда ҷиҳози хонаро бароварда мефурӯшад, пул сарф мекунад ё даст ба дузӣ мезанад.
Тағйироти равонӣ - асабоният, изтироб, рӯҳафтодагӣ, маҳзунӣ, зуд-зуд тағйир ёфтани кайфият, кам шудани диққат, сустшавии хотира, шабгардӣ, дар фасли гарм пӯшидани либоси остиндароз ва ғайра.
Бояд таъкид кард, ки ин нишонаҳо метавонанд бо дигар бемориҳо низ вобаста бошанд, бинобар ин, танҳо дар асоси зоҳирӣ хулосаи қатъӣ баровардан дуруст нест. Барои дақиқ намудани он ки шахс дар ҳақиқат ба бемории нашъамадӣ мубтало гаштааст ё не, ташхиси диқиқ, арзёбии клиникӣ ва гузаронидани таҳлилҳои озмоишӣ зарур мебошад.
- Оё ҳабҳои синтетикӣ ва сигорҳои электронӣ вобастагиро ба вуҷуд меоранд?
- Бале, ҳабҳои синтетикӣ (вобаста ба таркибашон – маводҳои фаъолкунандаи рӯҳӣ, оромбахш ва ғайра) метавонанд вобастагии равонӣ ва ҷисмониро ба вуҷуд оранд. Дар таркиби сигорҳои электронӣ никотин мавҷуд мебошад ва он ретсепторҳои ацетилхолиниро фаъол гардонида, ба ташаккули вобастагӣ оварда мерасонад. Ҳангоми қатъ намудани истеъмоли сигорҳои электронӣ асабоният ва изтироб пайдо шуда, ба душвории диққат оварда мерасонад. Истеъмоли никотин ба узвҳои дохилии инсон зиён дорад. Аз ҷумла ба системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ расонида, боиси таппиши тези дил ва баландшавии фишори шараёни хун мегардад, бемориҳои дилу рагҳоро ба вуҷуд меорад. Метавонад боиси сар задани бемориҳои роҳҳои нафас ва шуш гардад. Ба ҷигар ва мубодилаи моддаҳо низ таъсири манфӣ дорад.
- Хатари гузаштан аз истеъмоли вейп ба маводҳои сахттар вуҷуд дорад?
- Бале, ҳангоми мунтазам истеъмол кардани вейп, бо мурури замон бо нокифоя гардидани таъсири он, шахс ба зиёдкунии вояи он мегузарад ё даст ба истеъмоли маводи сахттар, яъне ба маводи нашъаовари бангдона мегузарад.
- Аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводҳои нашъаовар ва дигар моддаҳои психотропӣ, яъне передозировка чӣ хатар дорад?
- Зиёд заҳролудшавии бадан - «передозировка» ҳангоми истеъмоли аз ҳад зиёди маводи нашъаовар метавонад ба узвҳои ҳаётан муҳим таъсири бениҳоят вазнин расонида, то ба марг бурда расонад.
- Байни нашъамандӣ ва ВИЧ-СПИД чӣ қадар фосила аст?
- Миёни нашъамандӣ ва ВНМО фосилаи «калон» нест, махсусан такроран истифода бурдани сӯзандоруи аз ҷониби шахси мубталои ВИЧ истифодашуда хатари сироятёбиро ба таври назаррас зиёд мекунад.
- Айни замон дар маркази шумо чанд нафар нашъамандон таҳти табобат қарор доранд? Оё занон ва духтарони гирифтори бемории нашъамадӣ низ дар ин ҷо ба табобат фаро гирифта шудаанд?
- Ба ҳамаи шахсоне, ки ба маркази мо бо мушкили вобастагӣ аз маводҳои нашъадор, маводҳои психотропӣ ва сахттаъсир муроҷиат мекунанд, ҳатман кумаки тиббӣ-наркологӣ расонида мешавад. Аз ҷумла занон ва духтарони гирифтори бемории нашъамадӣ низ дар марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд. Бистаринамоӣ тибқи Дастури клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои наркологӣ то 21 рӯзро дар бар мегирад. Усулҳои муосири табобат дар марказ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла: детоксикатсия (безаҳролудгардонӣ, алоимӣ ва қувватдиҳанда), табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, табобати рӯҳдармонӣ, табобати маърифатии рафторӣ, дахолати вазъиятӣ, машварати оилавӣ, машварати гурӯҳӣ, машварати инфиродӣ ва рӯҳдармонии зиддихуруҷӣ. Бояд қайд кард, ки шумораи нашъамандон дар қиёс бо солҳои пешин дар сатҳи ҷумҳурӣ коҳиш ёфта истодааст.
- Терапияи равонӣ, яъне психотерапия дар табобати нашъамандӣ чӣ нақш дорад?
- Табобати равонӣ дар муолиҷаи нашъамандӣ нақши калидӣ дорад, зеро он на танҳо истеъмоли мавод, балки омилҳои равонӣ ва рафтории шахсиятро дар бар мегирад: бо усулҳое чун мусоҳибаи ангезишӣ (мотивационное интервьюирование), табобати маърифатӣ-рафторӣ ва барномаҳои пешгирии зиддихуруҷӣ.
- Оё барномаҳои барқарорсозии дарозмуддат мавҷуданд? Хавфи бозгашт, яъне рецидивро чӣ гуна кам кардан мумкин аст?
- Бале, дар сохтори наркологии ҷумҳурӣ барномаҳои барқарорсозии дарозмуддат мавуҷуданд, ки бо мақсади дастгирии шахсоне, ки аз вобастагии маводҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва дигар маводҳои фаъолкунандаи рӯҳӣ табобат мегиранд, таҳия шудаанд. Ҳадафи чунин барномаҳо ин аст, ки на танҳо дар давраи фаъоли табобат, балки солҳои баъдӣ низ кумак расонанд, то шахс тавонад аз истеъмоли чунин маводҳо худдорӣ намояд, собитқадам ва дар ҷомеа солим боқӣ монад. Пас аз гузаштани табобати безаҳролудгардонӣ ба беморон тавсия дода мешавад, ки табобати рӯҳдармонӣ ва барқароршавиро дар шароити Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоӣ "Тангаӣ"" гузаранд.
- Аҳли оила ва атрофиён дар халосӣ ёфтани шахс аз нашъамандӣ чӣ нақш бозида метавонанд?
-Вазифаи аввалиндараҷаи наздикон фароҳам овардани шароит барои ба табобат фаро гирифтани шахси мубталои бемории нашъамандӣ мебошад. Пас аз табобат бошад, пайвандонаш бояд шахсро дастгирӣ намоянд, то худро танҳо ҳис накунад, зеро танҳоӣ боиси бозгашт ба ҳамон гирдоб гашта метавонад. Оила бояд сарҳади рафтори қобили қабулро муқаррар намояд, масалан манъ кардани мавҷудияти маводи мухаддир дар хона, рад кардани пардохти қарзе, ки ба хотири дарёфти чунин маводҳо гирифта шудааст. Нашъаманд бояд бо воқеияти амали худ рӯ ба рӯ шавад. Ин кӯмак мекунад, ки шахси дил ба маводи нашъаовар баста масъулияти амалҳои худро дарк намояд. Пас аз табобат ҳатман шахс бояд аз равоншиноси касбӣ кӯмаки равонӣ бигирад
Нақши ҷомеа низ дар барқарорсозии саломатии шахсони нашъаманд бузург аст. Ҷомеа бояд ба нашъамандони собиқ имкон фароҳам орад, ки бидуни тамғаи "нашъаманд" ба ҳаёти комил баргарданд, барои ин, пеш аз ҳама муҳити солимро ба вуҷуд овардан лозим. Давлат ва ҷомеаро зарур аст, ки чунин шахсонро ба гурӯҳҳои махсуси дастгирии афроди нашъаманд ҷалб намоянд ва онҳоро бо ҷойи кор таъмин созанд. Ба таҳсил, касбомӯзӣ ва дигар корҳои муфид ҷалб намудани собиқ нашъамандон низ дар пешгирии бозгашти беморӣ ёрӣ мерасонад. Хулоса, давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оила ва ҷомеа бояд мутташакилона ба муқобили нашъамандӣ мубориза бурда, барои дубора ба ҳаёти солим баргаштани гирифторони бемории нашъамандӣ ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.