sebiston july new
Фараҳноз Шарипова ошиқи бачаи ёвонӣ аст?
980


Фараҳноз Шарипова яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози тоҷик аст, ки тавонистааст бо сурудҳои худ дар дили ҳазорон нафар ҷой гирад.

Рӯзи гузашта ин сарояндаи ҷавону умедбахш як таронаи нави худро таҳти продюсерии Парвиз Ашуров дар ютубканали Muminov tv music 2 бо номи “ Бачаи Ёвонӣ” пешкаши мухлисони савту наво гардонид.
Клипи нави Фараҳнозро ҳамагӣ дар 15 соат зиёда аз 70 ҳазор нафар тамошо карда, ба ин тарона баҳои хеле баланд додаанд.
Дар ин клип ҳунармандон танҳо аз либосҳои миллӣ истифода бурдаанд, ки шоёни дастгирист, зеро солҳои охир аксари ҳунармандон дар клипҳои худ танҳо бо либосҳои замонавӣ нақш мебозанд. Шумораи клипҳое, ки дар онҳо ҳунармандон бо либоси миллӣ бошанд, хеле кам аст.
Аз касе пӯшида нест, ки ҷавонон бештар ба санъаткорон ва дигар чеҳраҳои шинохта тақлид мекунанд ва истифодаи либоси миллӣ дар клипу таронаҳои ҷаззоб боиси тарғиби либоси миллӣ дар байни ҷомеа мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД