Имрӯз, 6-уми октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ сеюмин бозии дӯстонаи худро баргузор намуда, бо тими Чин рақобат хоҳад кард.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор мегардад.
Қобили ёдоварист, ки футболбозони Тоҷикистон ва Чин қаблан панҷ маротиба бо ҳам рақобат намуда, се бозӣ бо ғалабаи футболбозони Чин ва ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфтааст. Вохӯрии охирини ин ду даста дар доираи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргузор гашта, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.