Arzon march 2024
Ҳикак нишонаи хунукхӯрии кӯдак аст ё бемории дил?
741

 

Кӯдакони навзод бештари ҳолатҳо ҳикак мекунанд, ки модарони ҷавонро дар ҳайрат мегузорад. Аксари модарон намедонанд, ки дар чунин ҳолат чӣ кор кардан лозим аст. Аз ҳамин хотир, имрӯз мо дар бораи сабабҳои ҳикак ва роҳҳои кумак ба тифл дар ин ҳолат чанд маслиҳати муфиди мутахассисони соҳаи тандурустиро пешкаш месозем.

Ҳикак аз чандмоҳагӣ оғоз мешавад?

Кӯдак ҳатто пеш аз таваллуд, ҳангоми дар дохили шиками модар будан ҳам ҳикак мекунанд. То имрӯз дақиқ нашудаст, ки бо кадом сабаб ин ҳолат рух медиҳад. Баъзе мутахассисони соҳаи тиб сабаби ба вуҷуд омадани ин ҳолатро дар омодашавии ҳаракатҳои нафаскашӣ маънидод мекунанд, гурӯҳи дигари табибон бошанд, сабаби онро дар фурӯ бурдани обҳои наздитифлӣ мегӯянд.

Боз як сабаби дигар аз меъёр зиёд хӯрдан мебошад. Дар чунин ҳолат меъда аз меъёр калон шуда, асаби вагусиро (Блуждающий нерв) зер мекунад. Вақте хӯрок аз меъда ба рӯда гузашт, ҳикак гум мешавад ва ин ҳолат аз рӯи меъёр аст.

Кӯдакон чанд бор ҳикак мекунанд?

Далели дақиқе вуҷуд надорад, ки гуфта шуда бошад, дар як соат чанд бор ҳикак кардан меъёр асту аз он зиёдтар берун аз меъёр. Модарон фикр мекунанд, ки ҳикак кӯдакро нороҳат мекунад. Аз ҳамин хотир, модар ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба кӯдак об ё шир диҳад, то ҳикакаш монад. Аммо дар аксари мавридҳо ҳикак мушкилии ҷиддӣ маҳсуб намеёбад ва кӯдакро ташвиш намедиҳад.

Ҳикакро нишонаи беморӣ ё нороҳатии кӯдак гуфтан мумкин аст?

Дар бештари маврид кӯдакон бо сабаби аз ҳад зиёд хӯрдани хӯрок ҳикак карда, баъди андак вақт қай мекунанд. Пас аз ин ҳикак низ қатъ шуда, кӯдак худро беҳтар ҳис мекунад. Ин ҳолати муқаррарӣ маҳсуб меёбад, вале тифлаки шумо пай дар пай қай кардан гирад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Ҳикак як нишонаи бемории дил аст?

Тавре мутахассисон мегӯянд, дар калонсолон зуд-зуд ҳикак кардан, метавонад яке аз аломатҳои бемории дил (инфаркти миокард) бошад, вале дар кӯдакон ин ҳолат хеле кам рух медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳикак метавонад аломати бемории илтиҳобӣ бошад ва барои ташхиси он ба духтур муроҷиат кардан муҳим аст.

Ҳикак - нишонаи хунукхӯрии кӯдак?

Вақте шахси калонсол хунук мехӯрад, меларзад ва мушакҳояш кашишҳои номураттаб мехӯранд. Дар кӯдакон низ ин ҳолат мушоҳида мешавад. Аз ҳамин сабаб ақидае вуҷуд дорад, ки кӯдак аз хунукхӯрӣ ҳикак мекунад. Аммо набояд ба ин андешаҳо бовар кард, чунки одатан кӯдакон дар соли аввали ҳаёт ҳамеша дасту пойҳои сард доранд ва ин меъёр буда, нишонаи хунукхӯрӣ маҳсуб намеёбад. Вақте ки кӯдак ҳикак мекунад, баданашро ламс кунед, ки шикам ва пушташ хушк аст ё уребчааш тар нест.

Дар вақти ҳикак шири сина додан мумкин аст?

Ҳангоми синамаконӣ хатари зиёд хӯрдан вуҷуд дорад ва бо ин сабаб метавонад асаби вагус ангезиш ёфта, ҳикак пайдо шавад. Саволи матраҳ ин аст, ки вақти ҳикак кӯдакро хӯронидан мумкин аст ё не? Барои мубориза бо ҳикак ӯро ҳамагӣ ним дақиқа шири сина ё шири сунъӣ додан кифоя аст. Фурӯ бурдани чанд қатра шир кофист, ки ҳикаки кӯдак монад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД