goodwell
Хушдоман рӯзи духтарамро сиёҳ кардааст
13.09.2026
Oila.tj
200

Салом хонандагони азиз! Ман танҳо як духтар дорам ва тамоми умрамро барои тарбияи ӯ сарф кардаам. Духтарам ҳам дӯзандаи хуб аст ва ҳам тамоми ҳунарҳои рӯзгорро медонад. Дурӯғ гуфтанро намедонад ва ҳамеша мекӯшад бо ҳама муносибати хуб дошта бошад.

Чанд сол пеш ӯро ба шавҳар додам. Ҳоло соҳиби се фарзанд аст. Аммо, мутаассифона, аз рӯзи аввали зиндагии оилавӣ хушдоманаш бо ӯ созиш накард. Хушдоманаш зани танҳоест, ки се писару як духтарро ба танҳоӣ калон кардааст. Шояд мушкилиҳои зиндагӣ ӯро сахтгир карда бошанд, аммо ин сахтгирӣ ҳаёти духтари маро ба азоб табдил додааст.

Духтарам барои хонавайрон нашудани оила ҳашт сол ба таънаву маломатҳои хушдоманаш тоқат кард. Аммо домодам ҳамеша тарафи модарашро мегирад. Модараш ба писараш мегӯяд: «Ман туро калон кардам, аз гапам берун намешавӣ». Ҳатто ба духтарам таъкид мекунад, ки бояд ҳамеша аз «хати кашидаи» ӯ берун наравад.

Ду сол пеш хушдоман барои таҳсили беҳтари набераҳоям дар Хуҷанд хона иҷора гирифт. Кӯдаконро ба боғча ва мактаб гузошт. Баъдтар ҳатто барои онҳо аз маркази шаҳр хонаи якҳуҷрагӣ харид. Ман фикр кардам, ки шояд муносибати онҳо беҳтар шудааст.

Аммо баъд маълум шуд, ки хушдоман дар назди писараш худро меҳрубон нишон дода, ба набераҳо либосу дигар чизҳо мехарад, вале дар набудани ӯ духтарамро таҳқир мекунад ва «бекорхӯҷа» мегӯяд.

Чанде пеш ӯ ба писараш фармон додааст, ки зану фарзандонашро гирифта, ба ноҳияи Айнӣ баргардонад. Духтарам дигар тоқат накарда, аз телефони як роҳгузар ба ман занг зад: «Падар, биё маро аз ин ҷо бар».

Ман дигар дилам наомад, ки фарзандаамро ба азоб гузорам. Ба Хуҷанд рафта, ӯро ба хона овардам. Ҳоло духтараму набераҳоям назди мананд. Аммо намедонам ояндаи зиндагии онҳо чӣ мешавад. Ман танҳо мехоҳам духтарам зиндагии орому бе таҳқир дошта бошад.

А. Р., ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД