Arzon march 2024
Кумак кунед, ки писарам ба роҳи хато наравад
04.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1479

Ассалому алайкум дӯстони азиз! Ба маслиҳати шумо ниёз дорам.

Фарзандам дар синфи 2 мехонад, вале ба мактаб рафтанро қабул надорад. Умуман ба гап гӯш намедиҳад, бе иҷозат аз кисаҳоямон пул мегирад. Бисёр дар як ҳолати ногувор ҳастам.

Ростӣ, тамоми шароитро барояш муҳайё кардаам, писарам аз чизеву касе кам нест, лекин одатҳои бадашро намепартояд. Додарчааш кӯдаки хубу гапдаро аст, аммо писари калониам умуман гапро намефаҳмад.

Ҳайронам, охир ҳарду фарзандам якҷо ба воя расида истодаанду як хел тарбия мегиранд, лекин яке аз дигарӣ куллан фарқ дорад. Писари калониам ҳамеша гиряҳои беҳуда мекунад, чизу чораи шишагинро зада мешиканад. Қариб ҳама духтурон табобаташ карданд, вале бенатиҷа.

Ҳайрон мондаам, ки бо ин кӯдак чӣ кор кунам. Ба ҷуз мактаби кӯдакони душвортарбия боз ҳаст мактабҳое, ки барои таълиму тарбияи кӯдак хуб бошанд? Ҳар моҳ чӣ қадар маблағе лозим бошад, пардохт мекунам, танҳо фарзандамро дар роҳи дуруст тарбия кунанд.

Ростӣ, худам ҳам омӯзгорам, аммо шогирдони зиёдеро тарбият карда бошам ҳам, имрӯз дар тарбияи фарзанди худ оҷиз мондаам.

Илтимос, маслиҳатам диҳед, ба роҳнамоии шумо сахт ниёз дорам.

Ф. Н.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД