Arzon march 2024
Мадина дар бораи ғарибӣ, шӯҳрат ва тӯйи арӯсиаш чӣ мегӯяд?
1352

 

Дар “Рейтинг - 2022” - “10 чеҳраи сол”-и сомонаи Pressa.tj дар номинаи “Сарояндаи сол” Мадина Ақназарова пешсаф шуд. Ӯ аз миёни 10 сарояндаи саршинос бо дарёфти овози бештари мухлисон “Сарояндаи сол - 2022” дониста шуд. Ҳафтаи равон Мадина Ақназарова меҳмони мо буд ва пас аз эътои дипломи ғолиб бо ӯ суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Дар Русия ба ёди Ватан

- Мадина, дар ин рӯзҳои сардӣ чӣ ҳол доред?

- Воқеан, бисёр хунук аст. 2-3 рӯз мешавад, ки аз хона набаромадаам.

- Ин сардиҳо Русияро ба ёд меорад. Кӯдакии шумо дар он ҷо сипарӣ шудааст. Чӣ тавр тоқат мекардед?

- Бале. Ман 13 сол дар Санкт-Петербург зиндагӣ карда, он ҷо ба воя расидаам. Дар сардиҳо тоқат мекардем. Одам ба ҳама чиз одат мекунад.

- Шумо ҳозир шаҳрванди Русия ҳастед?

- Не.

- Душаҳрвандӣ ҳам надоред?

- Не. Ман фақат шаҳрванди Тоҷикистонам.

- Чун шумо дар Русия ба воя расидед, мафҳуми Ватанро чӣ гуна дарк мекунед?

- Ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаам. Ватани ман ин ҷост. Хун мекашад. Вақте ки дар Русия зиндагӣ мекардем, бисёр Ватанро ёд мекардам. Ба модарам мегуфтам, ки намехоҳам ин ҷо зиндагӣ кунам, зеро худамро бегона ҳис мекунам. Ва вақте мактаб тамом шуд, омадам.

- Чаро дар Русия наистодед?

- Монда шудем. Дар мусофират одам худашро хуб ҳис намекунад. Модарам низ азоб кашиданд. Шукри Худо, ҳама чиз хуб буд. Модарам кор мекарданд, зиндагиамон нағз мегузашт, вале... Ватан дигар аст.

- Модаратон чӣ кор мекарданд?

- Дӯзанда буданд.

- Сароянда Манижа Сангин низ дар Русия ба воя расидааст, вале аз ҳаёти муҳоҷирзанон бисёр мегӯяд, зеро роҳи душворро тай кардааст. Шумо дар мактаби русӣ чӣ ҳол доштед? Эҳсоси бегонагӣ мекардед?

- Бале. Дар вақти мактабхонӣ буд. Аммо дар ин бора гап задан намехоҳам...

- Ҳозир ҳамсинфони шумо медонанд, ки дар Тоҷикистон ситора ҳастед?

- Бале. Менависанд. Онҳо медонистанд, ки ман истеъдод дорам, зеро дар даврони мактабхонӣ бисёр суруд мехондам...

- Агар дар Русия мемондед, карера карда метавонистед?

- Шояд. Зеро ман бо забони русӣ хуб месароям.

Аввалин саҳна

- Шумо ба Душанбе омада, ба Коллеҷи мусиқӣ дохил шудед. Чаро? Чӣ ба шумо ангеза дод?

- Ин интихоби бобоям буд. Вақте синфи 9-ро хатм кардам, эшон ба модарам гуфтанд, ки “ин духтар бояд ба роҳи санъат равад, зеро истеъдод дорад...”.

- Бобоятон сароянда ҳастанд?

- Не. Он кас муаллим ҳастанд. Дар хонаводаи мо ягон нафар сароянда нест. Ҳамин тавр, бобоям дасти маро гирифта, ба Коллеҷи санъат оварданд. 4 сол дар ин ҷо таҳсил кардам.

- Идомаи роҳи шумо ба санъат чӣ тавр буд? Киҳо дасти шуморо гирифтанд?

- Маро оилаам бисёр дастгирӣ карданд. Ин муҳим аст, ки оила дар пушти одам, махсусан зан бошад. Онҳо ба ман монеа нашуданд, балки дастгирӣ карданд.

- Аввалин ҳунарнамоиатон дар саҳнаи калон дар куҷо сурат гирифт?

- Бовар намекунед. Аввалин саҳнаи ман варзишгоҳи “Лужники”-и Москва буд. 18 ҳазор нафар тамошобин ба варзишгоҳ омада буданд. Як консерти бадахшониҳо буд. Консерт хеле хуб гузашт ва ҳунарнамоии маро бисёр хуб қабул карданд ва ин ба ман нерӯ бахшид.

Нақши бобо дар сарнавишти набера

- Шумо дар Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ҳам фаъолият доштед...

- Бале. 2 сол дар театр кор кардам. Сарояндаи хор будам. Ин кор ба ман хеле кумак кард. Махсусан, барои мустаҳкам шудани овоз. Дигар ин ки, суруди “Э ёр-ёр”-ро аз театр ёфтам. Ин суруд дар операи “Қишлоқи тиллоӣ” -и Дамир Дустмуҳаммадов садо дод. Зуд ба дили ман нишаст. Ман онро гирифта, назди оҳангоро (оронжировшик) рафтам ва онро бо мусиқии муосир микс кардем. Ин сурудро нахуст ба тӯйи апаам туҳфа кардам. Интизор набудам, ки он шуҳрат меёбад. Вале онро мардум хуш пазируфтанд.

- Кадом суруд шуморо машҳур кард?

- Эй ёр-ёр!

- Шумо чандин сурудҳои эстрадаи шӯравиро зинда кардед. Сабаб чӣ буд?

- Ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки сурудҳои тоҷикиро месароям, зеро тавре гуфтем, дар Русия ба воя расидам. Эстрадаи тоҷикро тамоман гӯш намекардам. Вале аз сарояндаҳои афғон махсусан Аҳмад Зоҳирро аз кӯдакӣ медонистам. Зеро бобоям мухлиси ин ҳунарманд буданд. Вақте ба коллеҷ дохил шудам, ба ман душвор буд, зеро забонро намедонистам.Вале бо гузашти вақт муҳаббат ба сурудҳои тоҷикӣ дар ман пайдо шуд. Бахусус сурудҳои солҳои 50, 60 ва 70-и асри гузаштаро дӯст доштам. Бобоям барои ман аксари ин сурудҳоро пайдо карданд. Ва ман ин сурудҳоро аз нав эҳё кардам.

- Мегӯед, забони тоҷикиро намедонистед. Пас чӣ тавр сурудҳои мардумӣ ва эстрадиро бо забони тоҷикӣ бе лакнат месароидед?

- Ҳамагон ҳайрон мешуданд. “Ту тоҷикиро намедонӣ, чӣ тавр мехонӣ?” мегуфтанд.

- Педагоги нутқатон кӣ буд?

- Педагоги ман Людмила Анатолевна Тиман буданд, ки миллаташон олмонӣ ва зодаи Душанбе буданду фақат русӣ медонистанд.

- Пас, ба шумо кӣ кумак мекард?

- Боз ҳам бобоям...

- Чанд сол қабл сурудҳоятон бо Хуҷастаи Мирзовалӣ вирди забонҳо буд. Чӣ шуморо ба ҳам овард?

- Бо Хуҷастаҷон дар як чорабинӣ шинос шудем. Вақте дар он ҷо суруди Хурмо Ширинова садо дод, якбора ба ҳамдигар нигоҳ карда, гуфтем, ки онро бояд сароем. Ва якҷоя сароидем. Овозамон монанд аст. Дуэти ду духтар аввал аҷиб тофт, вале баъдан мардум онро хуб пазируфтанд. Ҳамин тавр, 4 дуэт хондем.

- Чаро ҳозир якҷоя суруд намехонед?

- Мо дуэт нестем, балки ҳунармандони алоҳида ҳастем. Бинобар ин, алҳол таваққуф кардем. Агар суруди нағз пайдо шавад, албатта, месароем.

- Имрӯзҳо дар эстрадаи мо сурудҳои каммазмун зиёд шудаанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?

- Аз ин ҷойи гурез нест. Зеро чунин сурудҳо ба мардум писанд меоянд ва маъруф мешаванд. Сурудҳое ҳастанд, ки маънои чуқур ва мусиқии олии касбӣ доранд, вале мардум онҳоро намеписанданд. Ман инро аз таҷриба мегӯям...

Асрори ситора

- Кай дарк кардед, ки ситора ҳастед?

- Оҳиста-оҳиста. Вақте дар кӯча маро мешинохтанд, акс мегирифтанд...

- Зиндагии шахси оммавӣ душвор нест? Аз зиндагии воқеӣ канда шуданро чӣ гуна таҳаммул мекунед?

- Бале, каме мушкил аст. Озод гашта намешавад. Вале ман худамро маҳдуд намекунам. Бо аҳли оила ба тарабхона, мағозаҳо ва боғ меравем. Маро бинанду шиносанд, бароям душвор нест. Душвор он аст, ки ҳунарманд наметавонад ҳамарӯза бо ороиш ва либоси ҷилодори саҳнавӣ бошад... Ҳол он ки, мухлисон инро талаб мекунанд.

- Бале, барои ҳунарманд зебоӣ ҳамеша муҳим аст. Ман хондам, ки шумо дар кӯдакӣ фарбеҳак будед. Чӣ тавр зебоии худро имрӯз нигоҳ медоред?

- Ба варзиш машғул шудан лозим аст. Парҳез на ҳамеша кумак мекунад.

- Мегӯянд, ки шабона хӯрдан зарар дорад, вале ҳаёти ҳунармандон шабона дар ҷӯш аст. Тӯю маъракаҳо, зиёфатҳо...

- Ман умуман дар тӯю маъракаҳо чиз намехӯрам. Кӯшиш мекунам, ки баъди соати 6-7 нахӯрам.

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери аксу наворҳои шумо шарҳҳои зиёд менависанд. Онҳоро мехонед?

- Кӯшиш мекунам, ки нахонам, зеро аксари шарҳҳо аз ахлоқ берун ҳастанд. Мардум бештар ба зоҳири инсонҳо кордор мешаванд...

- Дар шарҳҳо бисёр мепурсанд, ки Мадина кай шавҳар мекунад?

- Ҳар як духтар чунин орзу дорад. Вақту соаташ ояд, ман ҳам оиладор мешавам.

- Соли 2023 чӣ нақшаи калони эҷодӣ доред?

- Мо бо апаи Нигина Амонқулова баъди 3 моҳ ба Австралия ба сафари ҳунарӣ мебароем. Дигар нақшаҳоро алҳол намегӯям.

- Шумо дар “Рейтинг - 2022”-и сомонаи Pressa.tj “Сарояндаи сол” шудед. Ба мухлисонатон чӣ гуфтаниед?

- Ташаккур ба ҳама мухлисон, ки ба тарафдории ман овоз доданд. Кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии онҳо бошам. Ба сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ изҳори миннатдорӣ мекунам.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД