Бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 1-уми декабри соли 2025 то 30-юми июни соли 2026 дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия таҷрибаи ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз хориҷиён роҳандозӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки қарори мазкур аз 18-уми октябр ҳукми қонунӣ гирифтааст.
Дар хабар гуфта шудааст, ки дар сурати мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ маълумотҳои биометрии хориҷиёнро ҷамъоварӣ мекунанд.