Formula novemver 2024
МЕЪЁРӢ БӮСА КАРДАН ДАР ИСЛОМ ВУҶУД ДОРАД?
13855


Меъёри бӯса кардани олат дар мазҳаби ҳанафӣ чӣ қадар аст? Бархе “минет”-ро муҷоз медонанд ва имрӯз ҳаминҳо фасоди ахлоқиро миёни ҷавонписарон таблиғ карда истодаанду онҳо бо ҳамсарони худ рафторҳои бадахлоқонаро анҷом медиҳанд.

Иддаи дигар мегӯянд, ки баъди муносибати маҳрамона намудан ғусл накарда ҳам, намоз хондан мумкин аст. Илтимос, ба ҳамин масъалаҳои муҳим равшанӣ андозед!
Алишери Махсум

Посух
Назар кардани мард ба олати ҳамсараш ҷоиз аст, аммо хуб нест. Назар кардан ба олоти якдигар дар инсон фаромӯшхотириро эҷод менамояд. Бӯса кардани олати марду зан макрӯҳи таҳримӣ аст. (“Мухтасар-ул Қудурӣ ”, китоби Кароҳият, саҳ.719-720).

Паёмбари Ислом (с) тавсия додаанд, ки мусалмон бояд ба дасти рост бихӯраду бинӯшад, аммо ба дасти чап не, чаро? Чунки ба дасти чап истинҷо мекунад ва дасташ ба олаташ мерасад. Аз ин рӯ набояд онро ба даҳонаш барад. Пас бо кадом ақлу имон одами мусалмон бо даҳон олотро мебӯсад?

Ба гуфти ҳар шахси бехабару ноогоҳ амал накунед, зеро онҳо марҷаъи муътамад надоранд.

Худованд дар сураи “Моида” ояти 6-ум фармудааст: “Агар шумо ҷунуб бошед, пас худро пок созед”. Ба шахси ҷунуб ғусл накарда намоз хондан ҷоиз нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД