Мехоҳанд кӯдакони муҳоҷирони русзабонро аз имтиҳони забони русӣ озод кунанд
248

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он, кӯдакони муҳоҷироне, ки забони модарияшон русӣ аст, ҳангоми қабул ба мактаб аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ озод мегарданд.

Вакилони Ҳизби коммунисти Русия, ки тарҳи ин қонунро омода кардаанд, имтиҳонсупории ин гуна кӯдаконро “бемаъно” донистаанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, кӯдакони хориҷие, ки забони модарияшон русӣ аст, аз назари фарҳангӣ ба русҳо наздиканд ва бо забони онҳо ҳарф мезананд.

Тибқи ин тарҳ, тартиби озод кардани чунин кӯдакон аз имтиҳони забони русиро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад.

Бояд гуфт, аз 1-уми апрели соли 2025 фарзандони муҳоҷирон дар Русия уҳдадор шуданд, ки ҳангоми қабул ба мактабҳои ин кишвар имтиҳони ҳатмии забони русӣ супоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД