Oila Navruz
Мино самбӯсаи варақин мепазад
2757

-Хонум Мино, шумо барои дастурхони наврӯзиятон чиҳо мепазед?
-Сумалак, самбӯса, оши бурида, гандумкӯча...
-Ба мухлисонатон сирри ягон таоми наврӯзиро мекушоед?
-Бо ҷону дил тарзи пухтани самбӯсаи варақинро мегӯям, чунки зеби дастурхон самбӯса аст.
-Марҳамат!
-Барои пухтани самбӯса чунин маҳсулотҳо лозиманд: тухм 1 дона, намак- 2 қошуқчаи чойхӯрӣ, об-як истакон, равғани чарбу- 200 гр, равғани растанӣ- 3 коса, гӯшт- 200 гр, пиёз- 400 гр.

 


МИНО БАЧАИ ҲАРОМӢ ЗОИДУ...


 

Тарзи таҳия
Ордро аз элак гузаронида ба он камтар об ва тухму намак андохта хамир шӯред. Хамир бояд 40-50 дақиқа дам гирад. Аз хамир зувола гирифта, онро тунук намоед. Тунукиаш бояд тақрибан 1 мм бошад. Ба зуволаи тунуккардаатон равғани растании бо чарбуи гов омехтаро қабат ба қабат мемолед. Равғани бо равғани гов омехта надошта бошед, маргаринро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Зуволаҳоро печонда, аз он кулчаҳои хурд-хурд, тақрибан 30-40 граммӣ мебуред. Кулчачаҳоро қат карда, атрофашро бо корди кунгурадор буред, сипас онҳоро ба равғани растании доғкарда дар алови паст мепазед. Баъди пухта гирифтан ба рӯяш шакар мепошед. Ин намуди самбӯсаро бештар дар тӯй ва идҳо мепазанд. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД