goodwell
Мӯҳлати ваксинатсияи кӯдакон бар зидди сурхча ва гулафшон дароз карда шуд
13.11.2026
Оила
102

Мӯҳлати ваксинатсияи кӯдакон бар зидди сурхча ва гулафшон дароз карда шуд

Маъракаи оммавии эмгузаронӣ-ваксинатсияи кӯдакон ба муқобили бемориҳои сурхакон ва гулафшон то 16 ноябр дароз карда шудааст. Дар ин бора Турашоҳ  Саймуддинов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика зимн и суҳбат бо журналистон иттилоъ дода гуфтааст:

“Аллакай 716 ҳазору 595 нафар кӯдакони то 5-сола бар зидди бемориҳои сурхакон (сурхча) ва гулафшон моякӯбӣ шуданд, ки ин 97%-ро ташкил медиҳад. Тибқи нақша бояд дар маҷмӯъ 18 ҳазору 800 нафар кӯдакон бояд бар зидди ин бемориҳо эм карда шаванд, аз ин хотир, бо мақсади фарогирии пурраи кӯдакон ба эмгузаронӣ муҳлати маъракаи иммунизатсия то 16-уми ноябр тамдид карда шуд.”
Ёдрас мешавем, ки маъракаи иммунизатсияи кӯдакон ба муқобили бемориҳои сурхакон ва гулафшон аз 26-уми октябр оғоз ёфта, бояд то 6-уми ноябр давом мекард, аммо бархе кӯдакон дар давоми 10 рӯзи аввал бо сабаби зуком, ҳарорати баланд ва ё дар беморхонаҳо қарор доштад моякӯюб нашудаанд.

“Мо пас аз 10-12 рӯзи шифо ёфтан ва муътадил шудани вазъияташон онҳоро моякӯбӣ мекунем. Аз ин рӯ, то 16-уми ноябр моякӯбии кӯдакони боқимонда идома меёбад”,-гуфтааст муовини директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Турашоҳ  Саймуддинов.

Сӯҳбати моро бо табиби сироятшинос Мурод Гадойбоев дар бораи аҳамияти им мунизатсия ва пешгирии бемориҳои сироятии сурхакон ва гулафшон метавонед дар ютуб канали Oila. tj дар ссилкаи зерин тамошо кунед: https://www.youtube.com/watch?v=_3-qmg01v0c&t=15s

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД