Commerce bank may-june 2026
Модарам маро аз худкушӣ наҷот дод
19.06.2026
Oila.tj
131

Вақтҳои охир шумораи заноне, ки бо ин ё он сабаб аз шавҳарашон ҷудо шудаанд, хеле зиёд гаштааст. Аксари чунин бонувон бо чанд фарзанд танҳо монда, сарҳисоби зиндагиашонро гум мекунанд, аз ҳамин сабаб мехоҳам саргузашти худро нақл кунам, то ки ба чунин занон дарси ибрат гардад.

Шавҳари ман дар вақташ дӯстдошта боштаасту вале модараш он духтарро хуш накарда, маро келин кардааст. Аз ҳамин сабаб аз рӯзҳои аввали зиндагӣ домода ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат надошт ва шаб то саҳар бо ҳамон дӯстдоштааш телефонбозию чақ-чақ мекард. Хушдоманам насиҳат мекард, ки сабр  кунам, соҳиби фарзанд шавем, ақли писараш ба сараш мезанад ва аз баҳри маъшуқааш мегузарад ва мани сода ҳам гапи калонҳоро гӯш карда, чандин сол ба хотири бахт ба ҳамааш тоқат кардам, аммо на бо меҳрубонӣ дили шавҳарамро ёфта тавонистаму на бо хӯрокҳои бомазза ва на бо тавлиди пай дар пайи се фарзанди гул барин зебо, оқибат шавҳарам маро талоқ дода, ҳамон ишқи аввалашро ба занӣ гирифт.

Вақте ки кӯчу бандамро оварда ба хонаи падару модарам партофтанд, дунё дарп назарам тираву тор гашт. Ман гӯё ягон гуноҳи азим содир карда бошам, аз баромадан ба кӯча шарм медоштам, корам рӯз  то бегоҳу шаб то саҳар гиряву нола буд, зеро хориам меомад, ки бе гуноҳ шавҳарам маро талоқ дода, дар назди ҳаққу ҳамсоя забонкӯтоҳ кард. Бовар кунед, ҳатто ду маротиба даст ба худкушӣ заданӣ шудам, аммо модарам “духтарам, ақаллан ба хотири фарзандат миёнатро маҳкам баста зиндагиатро пеш бар, то чашми душманонат кафад”  гӯён, маро аз марг наҷот доданд.

Хулоса, ягона шахсе, ки дар рӯзҳои сахт дастамро гирифту пушту паноҳам гашт, модарҷонам буд. Бо дастгирии модарам фарзандамро ба воя расонидам. Аз модарҷонам то рӯзи қиёмат миннатдорам. Модари ман ба он меарзад, ки барояш ҳайкали тиллоӣ гузорӣ, вале афсӯс, ки ман чунин имкон надорам.

Ба падару модароне, ки духтаронашон сияҳбахт гаштаанд, маслиҳат медиҳам, ки бо таънаю маломат ба дили бе ин ҳам захмини фарзанди худ ханҷар назананд. Падару модар, апаву хоҳар ваакаву додар дар чунин рӯзҳои сахт бояд пуштибони зани аз бахт бенасибмонда гашта, рӯҳаш ӯро дилбардорӣ  кунанд, то қоматашро рост карда, зиндагиро идома диҳад.

МАНЗУРА, аз ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД