Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо рафти фаъолият ва раванди корҳои созандагиву бунёдкории як қатор муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Ҳисор аз наздик шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, ҳангоми боздид муовини вазир бо рафти хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳри мазкур шинос гашта, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар онҳо дидан намудааст.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон таъмини муассисаҳои КАТС-и шаҳр бо мутахассисони соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.