Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфт. Дар мусобиқа зиёда аз 250 нафар варзишгарон аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди минбаъдаи шоҳмот дар мамлакат, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон мебошад.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 16-уми ноябр идома меёбад.