Oila Navruz
НАРАКИ ПЕШОНӢ АЗ КАДОМ БЕМОРӢ ДАРАК МЕДИҲАД?
15.08.2021
Оила
1182

Дар тибби шарқии кӯҳан рӯйи инсон оинаи саломатиаш маҳсуб меёфт, имрӯз низ аз ҳолати пӯсти рӯй бисёр дарду иллатҳои дарунии инсонро муайян кардан мумкин аст.

Мехоҳед донед, ки ҷисматон чӣ дарду иллатҳо дорад? Пас, «Оила»-ро гирифта дар назди оина бишинед ва ба чеҳраатон зеҳн монед!

Пӯсти пешонӣ бемориҳоро фош месозад?

Доначаҳои сурхи дар пешонӣ дамида нишонаи онанд, ки рӯдаҳо аллакай аз сангҳои наҷосат пур шудаанд. Ба воҳима наафтед, агар баъди муолиҷаву тозакунии организм дар пешониатон доначаҳои хурди сурх пайдо шаванд, ин реаксияи муқаррарӣ ва нишонаи тозашавии рӯдаи ғафс аст. Пӯсти пешонӣ сурх шавад, донед, ки шӯрӣ, гӯшти сурх ва маҳсулоти шириро зиёд истеъмол кардаед. Пӯсти пешонӣ сафедча бошад, ширинӣ ва кофеину меваи зиёд мехӯрдаед. Чинҳои уфуқиву амудии пешонӣ аз пурхӯрӣ ва зиёд истеъмол намудани гӯшти ҳайвонот дарак медиҳанд.

Ҷигар бо абрӯ чӣ пайвандӣ дорад?

Аз ҳолати ҷигар пӯсти байни абрӯвон дарак медиҳад. Хати қатшудаи амудӣ ба зиндадил будани инсон ишора менамояд, вале мутаассифона далели ҷигари бемор аст.

Ба пӯсти болои пилкҳои чашм диққат диҳед. Чину ожангчаҳои ин мавзеъ нишонаи заифии испурчанд. Испурч (селезенка) ғадуди ниҳоят муҳим дар организми инсон аст. Аз фаъолияти испурч ҳатто хислати инсон вобастагӣ дорад.

Халтаи гурда дар зери чашм

Халтачаву кабудиҳои зери чашм аз ҳолати гурдаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Гурдаҳо обполои пурқувватеанд, ки дар як шабонарӯз 600 литр хунро мегузаронанд.

Дилро аз нӯги бинӣ бубин

Нӯги бинӣ аз ҳолати дил мегӯяд. Рагу рагчаҳои васеъшудаи нӯги бинӣ аз халалдор шудани системаи рагҳои хунгарди дил шаҳодат медиҳанд. Мабодо дар атрофи сурохиҳои бинӣ ва рухсораҳо доначаҳои сурх, рихинакҳои сафед ё сиёҳ мавҷуд бошанд, аз зиёд истеъмол кардани маҳсулоти ширӣ ва қанд дарак медиҳанд. Ин нишонаҳо ба шамолкашию бронхит низ ишора менамоянд.

Лабатон мекафад?

Доначаҳои сурхи атрофи лаб –аз халалёбии кори меъда пайдо мешаванд. Лабҳои хушку кафида аз рӯдаҳои ифлос хабар медиҳанд.

Иллатҳои занона доред, агар…

Доначаҳои сурхи атрофи зерманаҳ аслан ҳангоми давраи ҳайз пайдо мешаванд. Зерманаҳ ҳамеша сурху варамида бошад, ба узвҳои занона диққат диҳед.

Бехобӣ ё беморӣ?

Чаккаҳои рӯятон чӯкида бошанд, аз хоб сер карданатон лозим.

Рангу рӯи парида аз фишори паст, камхунӣ, заъфи гурда далолат мекунад. Ранги аз ҳад зиёд парида нишонаи бемории шуш ва халалёбии кори узвҳои ҳозима аст. Рангу рӯйи зард аз ҷигари бемор ё талхадон, ранги сурх аз фишори баланди бар асари дилзании сахт ба амаломада гувоҳӣ медиҳад.

Аз ҳад зиёд пӯсти нарм доштан нишонаи тарбод (ревматизм) ва нуқрис (падагра), бемориҳои гурда ва пешобдон аст. Пӯсти сард ва тар аз бемории ҷигар ва пӯсти дар ҷавонӣ пурчиншуда аз бемории ғадуди зери меъда дарак медиҳад. Ранги сабзчаи пӯст бар асари касалии саратон пайдо мешавад. Сафедии пӯсти пешонӣ нишонаи фишори пасти хун аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД