arzon replenishment
Насиба бо ошиқаш ба Русия гурехту...
4554

 

Насиба ном дорам. Се сол пеш ба Русия фирор намуда будам. Сабаби аз хонаамон гурехтанам Улуғбек ном ҷавони дӯстдоштаам гашт. Улуғбек ба ман ваъда дода буд, ки дар Русия пул кор карда меояду тӯй мекунем, вале баъди рафтани азизи дилам як хеши наздикамон ба хонаи мо хостгорӣ омаданд ва падару модарам розигиамро напурсида маро ба Нурулло фотиҳа кард.

Баъди рафтани хостгорон бо волидонам ҷанҷол бардоштам, ки ман ба хеш намерасам. Падарам ба ғазаб омада чунон лату кӯбам кард, ки аз ҳуш рафтам. Субҳ ба худ омада бо азоб аз ҷоям бархостаму ба Улуғбек занг зада, воқеаро нақл кардам. Ошиқам хеле андеша карда гуфт: “Азизам, пул мефиристам, билет харида ба ин ҷо биё, ҳардуямон кор карда, пул ҷамъ мекунему баъд ба Ватан баргашта тӯй мекунем. ” Азбаски дӯсташ медоштам, розӣ шудам. Рӯзи дигар маблағи фиристодаашро аз бонк гирифтаму аз падару модарам пинҳонӣ ба фурудгоҳ рафта чиптаи тайёра харидам ва аз хона фирор намудам. Улуғбек маро аз фурудгоҳ гирифта ба иҷорааш бурду ҳамон шаб бе беникоҳ ба номусам расид.

 

 


Ошкушод буд ва тез-тез ба ман тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим менамуд.иқам зан ва се фарзанд дошта бошад ҳам, бисёр марди даст


 

Ҳамин хел се сол бо ошиқам дар ин сарзамин зану шавҳар барин зиндагӣ кардам. Дар ин миён ҳомиладор шудам, Ӯлуғбек “кӯдаки ҳаромӣ доштан намехоҳам ” гуфта, маҷбур кард, ки ба беморхона рафта, исқоти ҳамл кунам. Розӣ нашудам. Шӯи бе никоҳам асабӣ шуда маро мурданивор зад ва аз хона пеш кард. Шаби борониро дар пушти дар саҳар кардам. Барои аз даст надодани ягона пуштибонам Улуғбек розӣ будам, ки кӯдакро гирифта партояму зиндагиамонро идома диҳем, вале ошиқи номардам дигар маро нахоста сари субҳ “ҷилу ҷайданатро гирифта аз ин хона дафъ шав! ” гӯён, либосҳоямро аз дари иҷорааш берун партофт. Як моҳ дар ба дар гашта мисли гадоҳо пул талбидаму чипта харида ба Ватан баргаштам ва фаҳмидам, ки модарам ба таънаю писханди авлодонаш тоқат накарда, худашро оташ зада куштааст. Падари пирам шармандавор аз деҳа кӯч бастааст. Кофта-кофта падарамро ёфтам ва пеши пояш афтида, гиряву зорӣ намудам, ки аз гуноҳам гузарад. Хайрият, ки падарам мисли дигар падарон маро оқ накард. Пушаймониамро дида, сарамро сила карду гуфт: « Писар надорам, ки дасти тобутамро бардорад, ягона умедамон ту будӣ, аз ҳамин хотир туро мебахшам!»

Падарам гуноҳамро бахшида бошад ҳам, ман ҳанӯз худамро бахшида наметавонам. Аз тамоми духтарон хоҳиш мекунам, ки мисли мани гумроҳ ба доми фиреби Ӯлуғбек барин бачаҳои ахмақ наафтанд, чунки оқибати ин ишқу ошиқиҳо танҳо пушаймонист!
Насибаи пушаймонгашта

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД