Arzon march 2024
Навзодро чӣ хел ба оғӯш гирифтан лозим аст?
429

Ҳар зане, ки фарзандор шудан мехоҳад, бояд дар бораи кудак ва ҷисми хурдакаки ӯ маълумоти хубе дошта бошад. Нӯҳ моҳи ҳомиладорӣ барои омӯхтану маълумотнок шудан дар ин самт фосилаи хубест.

Авалан бояд донист, ки устухони кудак аз шахси калон ба куллӣ фарқ мекунад. Қисми зеди устухонҳои навзод комил нашудааст ва суст мебошад. Ин ба он хотир аст, ки дар дохили батн пурра ҷой гирад ва ба худу ба модараш зарар нарасонад.

Баъди тавалуд кӯдак 300 устухон дорад ва дар пратсеси калоншаваияш то 205-208 ус кам мешавад. Он кам не балки баъзе аз устухонҳо бо ҳам мечаспанд ва склети кудакро комил мекунанд.

Яъне навзод ниҳоят нозук аст ва аҳмити ҷиддиро талаб мекунад, махсусан ҳангоми аз ҷой гирифтан ва ё дар ҷояш гузоштан диққат кардан лозим. Ҳангоми навзодро аз ҷой бардоштан аз таги китфонаш бардоштан умуман мумкин нест.

Устухонҳои гардани навзод барои бардоштани сари ӯ қувваташон намерасад ва ин боиси латхӯрдан ва ё шикастани гардан оварда мерасонад, ки ниҳоят хатарнок аст.

Ҳангоми ба оғӯш гирифтани навзод ҳардӯи дастонро аз таги кудак гузаронда бо як ст аз гардан ва бо дигар даст аз таги куни кудак бардошта баъди ба худ наздик кардан дасти дувумиро аз рӯи шиками кӯдак гузаронда боз аз кунаш маҳкам доштан лозим аст.

Инчуин бо латаи пахтагин лӯлапеч кардани кудак барои гирифтану мондани он ниҳоят кумак мерасонад. Ба ин хотир дар рӯзҳои аввали зиндагии навзод ҳатман печондан лозим. Агар дар фасли гармо имкони печондани лӯла набошад лоақал бо матои тунуки пахтаги миёнашро маҳкам печонда баъд ба оғуш гирифтан лозим аст.

Барои бардоштани навзод чизи дигарро бояд донист, ки дар оғуш пойҳои кӯдак кашол наистанд. Он ба инкишофи нодурусти устухони пойҳо оварда мерасонад. Вақти оғуш намудан бо дасти дигарӣ пойҳои кӯдакро низ маҳкам доштан лозим.

Дар тарбияи бадани кӯдак факти дигаре бояд ба назар гирифт, ки то шашмоҳагӣ чи писар ва ё чи духтарро шинондан ба мақсад мувофиқ нест. Ин амал миён ва шакли коси куни навзодро безеб мекунад.

Миёни калонсолон як гап аст, ки кӯдакро зиёд ба оғуш нагир ки одат мекунад. Ин гап комилан ғалат аст, чунки навзод намебинад ва касеро намешиносад танҳо модарашро медонад, ки он ҳам аз рӯи бӯяш.

Сониян, навзод хотирааш ҳанӯз инкишоф наёфтааст ва маро оғуш гиред, гуфта гиря намекунад. Ӯ ҳамон вақт оғуши модарашро мехоҳад, ки агар гурусна монад ва ё хобидан хоҳад. Ин амали одии табиӣ аст, ки баъди гурусна мондан гирия кунаду бо гиря модари худро садо кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД