Formula novemver 2024
Номаи зани тоҷик аз маҳбаси Русия
3293


Ман Орифа, зани 40- сола, зодаи шаҳри Ваҳдат, айни ҳол дар маҳбаси Можойскии Русия зиндонӣ ҳастам.

Муддати панҷ сол мешавад, ки аз ёру диёр дур, дар ин сарзамини сард дар пушти панҷара рӯзҳоро мешуморам. Дилам ба ёди фарзандонам гум мезанад, мехоҳам парранда шуда болу пар кушоям ва аз болои симхору деворҳои касногузари маҳбас парвоз карда ба назди тифлаконам равам, вале...
Тақдирро тадбир нест ва ман бояд боз панҷ солу шаш моҳи дигар ба азобу ранҷи зиндон тоқат кунам. Сабаби аз озодӣ маҳрум гаштани банда фиребу найранги дӯст аст. Дугонаи ҷониам, ки мани хомхаёл ӯро беҳтарин дӯстам мепиндоштам, душмани ҷонам гашта, маро ба ин балои азим гирифтор кард. Зани босавод, омӯзгор ҳастам ва ҳамеша шогирдонамро насиҳат карда, мегуфтам, ки фирефтаи суханони ҳар кас нашаванд, бехабар аз он ки рӯзе худам ба доми макру фиреби дӯст гирифтор мешавам...
Намедонам пеши Худованд чӣ гуноҳ кардаам, ки маро ин қадар имтиҳон мекунад. Аз рӯзи аввал аз бахт наосудам, шавҳари якумам “ту кишлоқии беафаҳмӣ” гӯён, думболи зани таннозеро гирифта рафту бо як писарча дар миёни чорсӯйи зиндагӣ ҳайрон мондам. Падару модарам баъди чанд сол маро дубора ба шавҳар доданд, вале боз бахт ба рӯям нахандид. Аз ин мард ду духтарчаи дугоник таваллуд кардам. Шавҳарам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан “Ту писар таваллуд накардӣ, ба ман зани духтарзой даркор нест” гӯён, бе ягон айбу гуноҳ талоқамро доду маро бо се фарзанд дубора миёнаи роҳ кард...
Зани тоҷик сабуртарин ва пуртоқаттарин зани дунё буда, ба хотири фарзандонаш ба ҳама кор қодир аст. Ман низ хотири се фарзандам миёнамро маҳкам баста, аробаи зиндагиамро ба танҳоӣ мекашидам. Метавонистам имрӯз низ зиндагии орому осоишта дошта бошам, вале фиреб хӯрдам, фиреби сахт. Дугонаам ҷиноят содир нмуда айбро ба гардани ман бор кард. Ҳамин тавр мани бе гуноҳ ба зиндон афтидам. Ба мисли ман занону духтарони фиребхӯрдаи тоҷик ин ҷо хеле зиёданд. Аксарияташон ба хотири аз даст надодани ишқи дурӯғини мардони рӯбаҳмиҷоз даст ба қонуншиканӣ зада, ба пушти панҷара афтидаанд. Қиссаи ин занҳои роҳгумзадаро шунида афсӯс мехӯрам. Афсӯс аз содагию зудбоварии мо, занону духтарони тоҷик, ки ба ҳар касу нокас бовар карда, ҳаёти худро бо дасти худамон месӯзем. Сабаби бозичаи дасти дигарон гаштани мо, занону духтарони тоҷик дар бесаводист. Бисёр мехостам аз сарҳади Тоҷикистон тани танҳо, бе шавҳар ё падару бародар берун шудани занону духтарони ҷавонро манъ намояд. Ин нақзи ҳуқуқҳои занону духтарон не, танҳо ба хотири ҳимояи онҳо аз афтидан ба доми фиреб аст. Ҳамчун як зани зиндонии тоҷик намехоҳам, ки дигар ҳамҷинсонам низ мисли ман фиреб хӯрда, ба азобу ранҷи зиндон гирифтор шаванд, аз ҳамин хотир чунин пешниҳод карда истодаам. Зани тоҷик, агар мехоҳад кор кунад, бигзор дар Ватан, дар пеши чашми шавҳару бародар, падар, модар ва фарзандонаш кор карда, бегоҳ бо табъи болида ба назди пайвандонаш баргардад. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Гадо, гар дар Ватан мирад, амир аст,
Амири бе Ватан хору ҳақир аст.
Худованд ба инсон танҳо як бор имконият медиҳад, ки зиндагӣ кунад. Ин умри азизро бояд ба шодмонӣ гузаронд, на бо машаққату ранҷи зиндону азобу дарди ҷонгудози дурӣ аз хонаводаву фарзандон. Хоҳарону модарони азиз! Ба қадри ҳар нафаси озоде, ки мекашед, бирасед, зеро озодӣ ганҷи бебаҳост!
Орифаи фиребхӯрда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД