Arzon march 2024
НОМУС КАРДА БА РУСИЯ РАФТУ БА ДОМИ ҒАМ АФТОД (ВИДЕО)
6217
НОМУС КАРДА БА РУСИЯ РАФТУ БА ДОМИ ҒАМ АФТОД (ВИДЕО)

Номус Озодамоҳро ба Русия бурду ба доми бало гирифтор кард Озодамоҳ модари ду тифлаки зебо аст, вале бо амри тақдир имрӯз дур аз фарзандонаш дар мулки рус бо сад хорию зорӣ умр ба сар мебарад.

Мушту лагати шавҳар ва таънаву маломати хушдоману хоҳаршӯй ин ҷавонзани тоҷикро сиёҳбахт ва кӯдаконашро зиндаятим гардонд. Азбаски падар надошт, баъди аз шавҳараш ҷудо шудан Озодамоҳ бо ду кӯдак дар хонаи пияндар нағунҷид. Барои аз таънаву маломати акаву янга ва пияндар халос шудан ин зани бо нангу номус рӯ ба мардикорӣ овард. Вай орзу дошт, ки дар Русия кор карда, пул ҷамъ мекунад ва барои фарзандонаш ягон сарпаноҳ мехарад, аммо кораш омад накард. Озодамоҳ дар Русия дар як сохтмон ҳамроҳи мардон кор мекард ва худро мард гирифта, семент мешуриду хишт мекашид, вале корфармо бо ҳар баҳона пулашро надода, оби чашми Озодамоҳро ба бари рӯяш ҷорӣ мекард.

Муддати 3 сол дар мулки рус заҳмат кашида бошад ҳам, на соҳиби хона шуду на соҳиби пулу мол. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, аз ошёнаи баланд ба замин афтида, ҷароҳат бардошт. Ҳоло ин зани тоҷик дар мулки рус дар ҷойгаҳи беморӣ хобидааст ва Худоро зора мекунад, ки ӯро ба назди фарзандонаш баргардонад. Умедворем, ки пас аз тамошои ин навори пурсӯз афроди саховатманд ба ин зани муҳоҷир дасти мадад дароз намуда, ба бозгашти Озодамоҳ ба Ватан мусоидат менамоянд.

НАФАРОНЕ, КИ БА ОЗОДАМОҲ КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ +79013824142 ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА РАҚАМИ КОРТИ СБЕРБАНК 4817760359932930 ХАЙРИЯИ ХУДРО ИРСОЛ НАМОЯНД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД