sebiston july new
Орзуи ман – ақидаи одамонро дар бораи гирифторони ВНМО тағйир додан аст
2675

 

Маликаи 42-сола, собиқ варзишгар ва донори таҷрибадор муддати 6 сол аст, ки бо ВНМО умр ба сар мебарад. Малика ба ҳайси машваратчии баробарҳуқуқ дар ташкилоти ғайридавлатӣ аллакай 2 сол боз кор мекунад. Ба наздикӣ соҳиби гранти сохтори “СММ-Занон” оиди васеъ сохтани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои бонувони гирифтори ВНМО шудааст.

«Чанд сол қабл, замоне, ки дар шаҳри Москав кор мекардам, саломатиям нағз набуд, дар давоми чанд моҳ худамро хеле нотоб ҳис мекардам, аҳволам рӯз ба рӯз бад шудан мегирифт. Баъд аз ташхис дар дармонгоҳ маро ҷарроҳӣ карданд ва тақрибан пас аз як моҳ, вақте ки баъд аз ҷарроҳӣ дар метро мерафтам, баногаҳ хунрав шудам. Хуни зиёдро аз даст дода, аз ҳуш рафтам. Кам-кам дар хотир дорам, ки чӣ гуна одамон маро аз вагон мебароварданд. Нафаре либосашро кашида, ба таги сарам мегузошт, дигаре бо шарфаш рӯямро пушонида, сеюмӣ ёрии таъҷилиро даъват мекарду боз нафаре ба рӯям туф карда буд … баъди 4 шабонарӯз ба худ омадам, табиб хабар дод, ки бо сабаби аз даст додани хуни зиёд ба ман аз 7 нафар хун гузаронидаанд. Барои зинда монданам аз Парвардигор миннатдор будам. Азбаски донори собиқадор будам, тамоми амалиётҳои хунгириро дониста, бе ташвиш будам. Вале аз ҳамон рӯз зиндагии ман тағйир ёфтан гирифт.

Пайваста бемадориву камқувватӣ эҳсос мекардам, пойҳоям дард карда, дарунрав мешудам. Ба Тоҷикистон баргашта, ба қароре омадам, ки эҳтимол бо сабаби он ки чанд муддат донори хун набудам, саломатиям бад шуда бошад. Рӯзи дигар баъди аз ташхисҳои лозима гузаштан, маро ба маркази хунсупорӣ даъват карданд. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам, чӣ хел ҳамшираи шафқат хабар дод, ки ман гирифтори ВНМО ҳастаму ба наздикӣ вафот мекунам. Муддати ҳафт моҳ дар ҳолати вазнинтарини руҳафтодагӣ қарор доштам, суҳбатҳои начандон осон бо наздикон доштам, дар ин муддат қалбу руҳам аз дарду ранҷ азият мекашид. Вақте модарам гирифтори ВНМО буданамро фаҳмид, маро барои он ки дарҳол ба ӯ дарди дил накардам, сарзаниш намуд ва дастгирӣ намуд, ки аз ӯ хеле миннатдор ҳастам. Ба ҳар сурат бо наздикон умр ба сар бурда, худро мисоли дигарон ҳис намекунӣ, худро пайваста ноҳинҷор ҳис мекунӣ.

Баъди он ки гирифтори ВНМО буданамро фаҳмидам, дарҳол аз паи табобат шуда, барои худ қарор додам, ки минбаъд бояд ба дигарон кумак расонам. Чор сол ташкилотеро ҷустуҷӯ намудам, ки ба суолҳои бешумори ман посух ёфта тавонад. Тавассути шиносҳоям ташкилоти ғайридавлатиро пайдо намуда, инак, муддати 2 сол аст, ки машваратчии баробарҳуқуқ ҳастам. Ман ба гирифторони ВНМО машварат медиҳам, баъзан барои онҳое, ки роҳпулӣ надоранд, доруворӣ бурда медиҳам, атрофиёнашонро ташхис намуда, барои рафъи мушкилашон кумак мерасонам.

Вақте барои омӯзиш пешниҳод шуд, розӣ шудам, зеро ин дониши наву муфид аст. Ҳангоми тренинги ташкилоти сохтори “СММ-Занон” бизнес-лоиҳаи худро оиди созмон додани маркази омӯзишӣ барои бонувони гирифтори ВНМО пешниҳод кардаму идеяи маро дастгирӣ карданд. Акнун орзуи ман тавассути донишу малакае, ки бо якдигар қисмат мекунем, ҳуқуқҳои худро васеъ сохтан ва имкониятҳои бонувони осебпазирро зиёд кардан аст.

Баъзан фикр мекунам, ки агар имкони дар ҷараёни сари қароре омадан ширкат варзиданро медоштам, аввалин қарори ман аз байн бурдани нобарории байни мардон ва занон буд. Орзуи ман аз байн бурдани фикру ақидаи одамон оиди одамони гирифтори ВНМО аст. Ман ба вазифаҳои тақдирсоз бонувонро таъин мекардам, қонунгузориҳои амалкунандаро оиди аз байн бурдани хушунат ва поймолсозии ҳуқуқ ҷорӣ намуда, дастрасӣ ба омӯзиш ва ҷойҳои кориро фароҳам сохта, никоҳи бармаҳалро манъ менамудам. Мо бояд бонги хатар эълон кунем! Дар тули солҳои азият ва поймол гардидани ҳуқуқҳоям ман як чизи муҳимро дарк намудам, дастоварди баробарӣ ва расонидани маълумоти бештар оид ба роҳҳои сироят ва пешгирии ВНМО дар байни мардум мушкилоти зиёдеро аз қабили эпидемияи ВНМО аз байн мебарад.

Баъзан фикр мекунам, ки бо шарофати ВНМО зиндагиро дигаргуна дарк намудам. Имрӯз ман худро барои ҷамъият даркориву фоидаовар ҳис мекунам. Вақте одамонеро пайдо месозам, ки бо сабабҳои гуногун табобатро нагирифтаанд ва бо талқини ман аз нав аз пайи табобат шудаанд, худро хушбахт эҳсос мекунам.

Малика метавонад тиҷорати худ-маркази тренингиро созмон диҳад ва дар Душанбе ҷойҳои кориро пешкаш намояд, дар мадди аввал барои бонувони гирифтори ВНМО ва бо шарофати барномаи Созмони Милали Муттаҳид- Занон дар Тоҷикистон оид ба пешгирии ВНМО. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа барои бонувони гирифтори ВНМО тренинг гузаронида шуд, ки чор нафари ин бонувон аз ҷониби сохтори “СММ-Занон” дар Тоҷикистон дастгирӣ карда шуданд. Лоиҳаи мазкур фарогири Мақсади рушди устувор №5 (баробарии гендерӣ), ЦУР 8-(Кори арзанда ва рушди иқтисодӣ) ва ЦУР 3 (саломатии хуб ва беҳбудӣ) аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД