shoh palace
ОШИ САМАРҚАНДИРО ЧӢ ГУНА МЕПАЗАНД?
3049

 

Самарқанди бостонӣ бо қасру кушк ва ёдгориҳои беназири таърихиаш шӯҳраи олам гаштааст. Мардуми ин шаҳри қадима анъанаҳои хоси худро дошта, бисёр ҳунарманд ҳастанд. Аз ҷумла таърифи оши самарқандӣ даҳон ба даҳон мегардад, аммо бисёриҳо тарзи пухтанашро намедонанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи тарзи пухтани оши самарқандӣ маълумот медиҳем.

Маҳсулоти лозима:

2 намуд равған: зард ва зағир

1 кг гӯшти реза

3 дона пиёз

2 кг сабзї

нахӯди таркардашуда

200 г мавизи сиёҳ

1 кг биринҷ

зира ва намак

Тарзи таҳия:

Ду намуд равғанро омехта намуда, гӯштро дар он бирён кунед, баъд ба дег пиёзро андохта, онро нағзакак зирбонед ва сабзиро андозед. Пас аз зирбондани сабзӣба дег об рехта, нахӯдро андхтан лозим аст. Зирбак, ки хеле ҷӯшид, мавизи сиёҳ, зира ва биринҷро илова карда, баъдан биринҷи тоза шустаро ба дег андзед. Об бояд биринҷро пӯшонад, вале аз ҳад зиёд набошад, вагарна ош суст омада, ба шавла монанд мешавад

Пас аз хушк шудани оби биринҷ 15-20 дақиқа ошро дам партофтан лозим аст.

Вақти кашидани ош аввал биринҷ, баъдан сабзӣва гӯштро қабат ба қабат ба табақ бардоред.

Умедворем, ки оши самарқандӣба шумо писанд меояд. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД