Патент дар Тюмен қимат мешавад
170

Дар вилояти Тюмени Федератсияи Русия аз 1-уми январи соли 2026 арзиши патент барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ боло меравад.

Коэффисиенти нав дар ҳадди 3,425 муқаррар шудааст, ки ин бевосита ба пешпардохти андози даромади шахсони воқеӣ аз ҷониби муҳоҷирон таъсир мерасонад.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии Русия дар Тюмен, соли 2024 дар вилояти Тюмен 47,5 ҳазор муҳоҷирон расман ба кор ҷалб шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 шумораи патентҳои додашуда 24,3% афзуда, аз 15600 то 19400 адад зиёд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД