shoh palace
Русия: 2 тоҷик ва 1 ӯзбеки зиндонӣ ба зиндонбон ҳамла карданд
917



Ду шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 зодаи Ӯзбекистон, ки бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта буданд ва дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо менамуданд, ба зиндонбон ҳамла кардаанд. Дар ин бора МК.РУ хабар додааст.

Бано ба маълумоти манбаъ, рӯзи 21- июни соли 2022 дар боздоштгоҳи №7 (СИЗО №7) -и шаҳри Егоревск бори аввал дар солҳои охир ҳамла ба зиндонбон сурат гирифтааст. Егоревск ба Вилояти Маскав тааллуқ дошта, дар 110-километрии ҷанубушарқи шаҳри Маскав ҷойгир аст. Тавре ки “МК” мегӯяд:
“Ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Ӯзбекистон нақша кашидаанд, ки ба корманди СИЗО ҳамла мекунанд. Вақте ки зиндонбон онҳоро барои сайругашт ба ҳавлӣ баровард, ба зиндонбон ҳамла оварда, ӯро зери мушту лагат гирифтаанд...”

Нозир тавонистааст худро халос карда, дигаронро ба кӯмак даъват намояд ва маҳбусони ошӯбгарро дастгир карда ба картсер андохтаанд. Ҳанӯз дақиқ нест, ки мақсади зиндониён аз ҳамла ба зиндонбон чи буд ва онҳо ба чӣ умед баста даст ба ин амал задаанд, вале фарзияе вуҷуд дорад, ки онҳо мехостанд бо ҳамин роҳ аз зиндон фирор кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД