arzon replenishment
Сафаргул Самандарова: "На пули нон дорем, на пули дорӯ!"
1167
Сафаргул Самандарова: "На пули нон дорем, на пули дорӯ!"


Сафаргул Самандарова солҳои зиёдест, ки дар беморхонаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина дар Маркази миллии бемориҳои сил, ки дар байни мардум бештар бо номи Мачитон маъруф мебошад, ба ҳайси ҳамшираи шафқат кору фаъолият менамояд.

Ин зани қавӣ ва боирода 7 фарзандро бо маоши ночизи ҳамширагӣ ба воя мерасонад ва дар зиндагӣ азобҳои зиёдеро пушти сар кардааст.
“Рӯзҳое мешаванд, ки фарзандонам нони хӯрдан намеёбанд, вале ба ҳамааш шукрона мекунам, ҳарчанд кӯдаконам то ба имрӯз на бозичаи кӯдаконаро дидаанду на сару либоси навро”-мегӯяд апаи Сафаргул.

Ин ҳолат модарро хеле нигарон кардааст, вале намедонад мушкилиҳои пай дар пайи иқтисдиро, ки мисли борон ба сараш мерезанд, чи гуна бартараф намояд.

Давоми солҳои тӯлонии фаъолияташ Сафаргул Самандарова бо муносибати неку ғамхоронааш нисбати маризон ба дарди беморони зиёде даво бахшида бошад ҳам, имрӯз касе нест, ки ба дарди худаш малҳам ва даво гардад.
“Ростӣ, ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе худи ман, ҳамшираи шафқат ба дигарон мӯҳтоҷ мешавам, вале қонуни зиндагӣ ҳамин будааст”-мегӯяд апаи Сафаргул ва оҳи сард мекашад, зеро имрӯз худи ӯ мубталои беморӣ гашта, бо сабаби имконияти иқтисодӣ надоштан дорӯву дармони фармудаи табибонро сари вақт гирифта наметавонад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, писараш Вайсиддини хурдсол маъюб буда, бар замми ин, бемории эпилепсия дорад ва дардаш тез-тез хурӯҷ карда, модарро ба изтироб меандозад.
Рӯзе, ки мо ба хонаи ин модар-ҳамшираи шафқат рафтем, якбора ҳар чаҳор фарзандаш гул бароварда буданд ва аз бемории сурхакон азият мекашиданд. Ҳарорати бадани кӯдакон ниҳоят баланд буд ва апаи Сафаргул намедонист аз куҷо маблағ пайдо карда, ҳадди ақал барои паст шудани ҳарорати баданашон ба фарзандонаш диҳад.

Сафаргул Самандарова замоне, ки танаш солим буду ба дастгирӣ ниёз надошт, тамоми қувваю нерӯяшонро барои беморон сарф намуд, имрӯз бошад барои табобати фарзандаш, ҳамсараш ва худаш ниёз ба дастгирии дигарон дорад.


Шахсоне, ки мехоҳанд ба апаи Сафаргул дасти ёрӣ дароз намоянд, хайрияи худро ба корти бонкии 505827 008 528375 (АМОНАТБОНК) ва 6374600000009658722 ( ЭСХАТА) гузаронанд, ки бо рақами телефони 900- 10-37-98 пайваст мебошад. Корти бонкии 9762-0000-2883-5204 (Душанбе сити)-и Сафаргул Самандарова бо рақами 888- 55- 65- 98 пайваст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД