Arzon march 2024
Субҳиддини муҳоҷир: Дигар пул нагӯ, оча!
2101

Ман Субҳиддин, муҳоҷири Русия, айни замон дар Маскав зиндагӣ карда истодаам. Сабаби ба ин ҷо омаданам каму кости зиндагӣ буд.

Дар Ватан ҷойи кор надоштам, таъмини хонаводаамон танҳо бар дӯши падари пирам буд. Мӯйсафеди бечора субҳ ба кори саҳро рафта, шом хаставу беҳол ба хона бармегашт. Вақте ки худам падар шудам, чӣ будани масъулияти падаронаро ҳис карда, дилам ба ҳоли падарам месӯхтагӣ шуд, вагарна то он дам дастамро ба оби хунук намезадам. Хулоса, дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба Русия рафта кор мекунаму зиндагиро пеш мебарам. Моҳи аввали дурӣ аз аҳли оила бароям бисёр душвор буд, зану фарзандамро ёд мекардам. Дилам ба ёди писарчаам гум мезад. Дар тарабхона кор мекардам, мизоҷон хӯрокҳоямро таърифкунон мехӯрданд. Даромади хуб доштам ва ҳар моҳ ба хона пул мефиристодам, то падару модар ва зану фарзандам азоби бепулӣ накашанд. Хурсанду мамнун будам, ки ҷони мӯйсафеди падарамро аз кори вазнини саҳро халос кардаму акнун давлати пирӣ меронад, вале шодиам дер давом накард. Рӯзе раисамон ҳамаи моро ҷамъ карда гуфт, ки минбаъд танҳо хӯрокҳои хориҷӣ мепазем. Бадбахтона вақти пухтани таоми ноошно ман ба як хатогии ҷиддӣ роҳ додам ва ҳамон рӯз чанд мизоҷ шикояткунон баромада рафтанд. Сардор аз ин ҳодиса ба ғазаб омада, ҳамон бегоҳ маро аз кор ронд. Имрӯз бекору бе пул дар мулки мардум сарсону саргардонам. Мехоҳам бо воситаи “Оила” ба падару модарам бигӯям:


 

Дар шаҳри Ҳисор марде ҳамсарашро се табар задааст. Дар хабар омадааст, ки Исо Гулов бо сабаби ҳиссиёти рашк ҳамсараш Зарина Гуловаро дар сари қаҳру ғазаб се табар зада...


-Дигар бо умеди пули писаратон нашуда, аробаи зиндагиатонро худатон кашед, чунки дар ин мулки ғурбат ба қарибӣ кор ёфтани ман амри маҳол аст!

 

Субҳиддин, аз шаҳри Москва

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД