Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ҷараён дорад. Дар доираи мусобиқаи ҷудо паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 кг дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Қирғизистон Жолдошқазиев Эмирхонро бидуни мушкилӣ мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Раҳимов бо Аборакия Муҳаммад аз Миср нерӯсанҷӣ намуда, пирӯзӣ ба даст овард ва роҳшаро ба финал ҳамвор намуд. Дар финали мусобиқа Темур Раҳимов бо намояндаи Ӯзбекистон Музаффарбек Туробоев, ки қаблан борҳо бо ҳамдигар рӯ ба рӯ гардидаанд, гӯштин гирифт. Дар ин рақобат Музаффарбек нисбат ба Темур бартарӣ дошт ва тавонист, ки бо имтиёзи иппон дастболо гардида, соҳиби медали тилло шавад. Темур Раҳимов пас аз нокомии ниҳоӣ соҳиби медали нуқра гардид.
Ин шашумин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар соли 2025 аст. Аз намуди кураш Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни 81 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуда буданд. Мадина Қурбонзода аз риштаи ҷудо дар вазни 52 кг ба гирифтани медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг бо Ҷаҳонгин Маҷидов дар вазни то 100 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад. Дар он беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.