Тими духтаронаи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ наёфт
16.10.2025
Oila.tj
81

Дастаи духтарони то 17-солаи Тоҷикистон бохти дуюмро дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё 2026 ба қайд гирифт. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар даври дуюм тими мо бо мунтахаби Филиппин бозӣ карда, бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голҳоро аз ҳайати тими духтарони Филиппин Эвангелиста дар дақиқаи 11-ум ва Дагпин дар дақиқаи 90+5-ум ба самар расониданд.

Дар бозии даври аввал дастаи мо дар Душанбе мағлуби Малайзия гардида буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи духтарони Малайзия хотима ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими духтарони Малайзия бо ҳисоби 1 бар 0 муқобили Сурия зафар ёфт. Ҳоло пас аз бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи “А” дастаҳои Филиппин ва Малайзия соҳиби 6-имтиёзӣ мебошанд. Сурия ва Тоҷикистон ягон имтиёз надоранд.

Ҳамин тавр, дастаи мо бо бохти дуюм имкони баромад ба қисми ниҳоии мусобиқаро аз даст дод. Сурия низ имкони баромад ба даври баъдиро аз даст дод. Филиппин ва Малайзия дар даври охир барои роҳхати қисми ниҳоӣ талош мекунанд.

Дар даври сеюм тими мо рӯзи 17-уми октябр бо Сурия бозӣ мекунад. Малайзия дар ҳамин рӯз бо Филиппин дидор анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола роҳ меёбанд. Ҷоми Осиё миёни духтарони то 17-сола аз 30-юми апрел то 17-уми май дар Чин доир мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД