Тими миллии Тоҷикистон омодагиро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Тимори Шарқӣ дар шаҳри Дарвини Австралия оғоз намуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо дар Австралия бо тамоми ҳайат ҷамъ омада, дар яке аз майдонҳои тамринии Дарвин машғулиятҳоро анҷом дод, ки ба барқароршавӣ пас аз парвози тӯлонӣ равона шуда буданд.
Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми чаҳор бозӣ дар гурӯҳи “А” мунтахаби Филиппин бо 10 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи аввал аст. Тими милли Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар Дарвини Австралия доир мешавад.