1xbet
UFC номи рақиби навбатии Умар Нурмагомедовро эълон кард
02.09.2025
Oila.tj
59

Хадамоти матбуотии UFC расман номи рақиби навбатии размикори рус Умар Нурмагомедовро, ки дар вазни сабук баромад мекунад, эълон кард.

Ин варзишгари рус 25-уми октябри соли 2025 бар зидди варзишгари амрикоӣ Марио Баутиста мубориза хоҳад бурд.

Муҳорибаи Умар Нурмагомедов ва Баутиста дар доираи шоми ҳунарҳои размии омехтаи UFC321 дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мешавад.

Нурмагомедов муҳорибаи қаблии худро моҳи январи соли 2025 дар мавқеи даъвогар ба унвони қаҳрамонӣ бар зидди дорандаи феълии камарбанди UFC дар вазни сабук Мераб Двалишвили аз Гурҷистон анҷом дод. Он муҳориба бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии Двалишвили анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД