goodwell
Қулфинай хотираро пурқувват гардонида, нури чашмро равшан месозад
25.04.2026
Oila.tj
79

Саломатии инсон аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Аз ҷумла тарзи зиндагӣ ва хӯроке, ки ҳамарӯза истеъмол мекунем, ба солимии рӯҳию равонии мо бетаъсир намемонад.

Имрӯзҳо бозорҳо пур аз меваю сабзавоти тару тоза аст, ки дар баробари хуштамъ ва лазиз буданашон ҷисми инсонро саршор аз витамину минералҳо месозанд. Имрӯз мо ба шумо - хонандагони азиз дар бораи фоидаҳои қулфинай ба саломатӣ каме маълумот медиҳем.

Қулфинай хотираи инсонро пурқувват месозад

Олимон исбот намудаанд, ки қулфинай ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дошта, раванди пиршавии майнаро суст ва умри функсионалии ин узви ҳаётан муҳимро дароз мекунад. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки истеъмоли қулфинай зеҳни одамро тез намуда, хотираро қавӣ месозад. Шахсоне, ки ин меваи болаззатро хеле дӯст медоранд, ҳеҷ гоҳ аз фаромӯшхотирӣ азият намекашанд.

Нури чашмро равшан мекунад

Қулфинай ба чашм низ фоидаҳои бисёре дорад. Он биноии чашмро зиёд гардонида, бемориҳои ретиналӣ, катаракта, чашмҳои хушк, нобиноӣ ва дигар мушкилоти узви босираро пешгирӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки қулфинай на танҳо пайдоиши бемориҳои чашмро пешгирӣ мекунад, балки барои табобати прогрессивии бемориҳои мавҷуда низ мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД