Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба наворҳои видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгашта, ки гӯё вазъи саломатии кӯдакони мактабхон баъди истеъмоли доруи зидди кирму паразитҳо "Албендазол" бад шудааст, вокуниш нишон дода, хабару овозаҳоро рад кардааст.
Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн гашта, дар он гуфта мешуд, ки саломатии як мактаббача баъди истеъмоли доруи зидди кирм бад шуда, сусту заиф гаштааст. Зане дар навор даъво дошт, ки ҳолати кӯдак маҳз пас аз хӯрдани доруи “Албендазол” бад шудааст, вале тавре Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ташхис нишон дод, ки бад шудани саломатии кӯдак ба истеъмоли "Албендазол" ягон иртибот надорад.
Ёдрас мешавем, ки бо мақсади пешгирии бемории гелминтоз аз 6-ум то 11-уми апрел дар шаҳру навоҳии кишвар ба кӯдакон ва наврасони 7-14-сола бар зидди паразитҳо доруи “Албендазол” (400 мг) дода истодаанд. Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба овозаҳою воҳимаҳои беасос дар бораи зарарнок будани ин дору бовар накунанд.