arzon replenishment
Як рӯз уболам мегирад (ҚИСМИ 2)
04.09.2024
АРДАШЕР
2096

Ҷамила кӯдакро гирифту ба хонаи Латофатхола бурд. Хост то омадани онҳо камтар нигоҳубин кунанд, вале ҳарчанд фарёд мекард аз соҳибхона дарак набуд. Ниҳоят келини Латофатхола аз хона баромад.

- Ассалом, ҳамсоя хуб ҳастед?,- аҳволпурсӣ кард Ҷамила.

- Э биёед, ҳамсояҷон. Чӣ ҳол доред, шамолҳои куҷо парронд? Чанд вақт боз бедарак, хабар намегиред,- табассум карда гуфт ҳамсоя.

- Э нагӯед Саодатҷон, ташвишҳои рӯзгору нигоҳубини кӯдак, як қадам берун гузошта намешавад. Шумо ҳам кӯдаки майда доред, маро хуб дарк мекунед.

- Ҳа, нагӯед, мо ҳам ҳамин. Ҳа, гуфтагӣ барин, ин қадар худро орову торо дода куҷо равонед?,- ҳайрон шуда пурсид Саодат.

- Як кор доштем, дугонаҷон. Бояд ҳозир ҳамроҳи Ҷасур равем. Хушбахтҷон дар роҳ гиря мекунад, ҳам ҳаво гарм. Барои ҳамин ягон соат писарам дар хонаатон истад,- хоҳиш кард Ҷамила.

- Майлаш, майлаш ҳамсояҷон, барои чӣ не?

- Саодатҷон, ҳозир хобаш бурд, шикамаш сер. Дар ин зарф каша ҳам таёр кардаам, мабодо гиря кунад, медиҳед.

- Хуб, шумо бемалол равед.

Ҷамила рухсораҳои кӯдакашро бӯсиду бӯид ва оҳи чуқуре кашида, ба дасти ҳамсоя дод.

- Ҷамила, чаро оҳ мекашед, гӯё Хушбахтҷонро дигар намедида бошед. Хавотир нашавед, ман то омаданатон чун гавҳарак нигоҳ мекунам.

Ҷамила як табассуме карда, изҳори сипос намуду рафт.

Ҷасур дар мошин мунтазири завҷааш буд. Ҷамила савор шуду зану шавҳар ба сайругашт баромаданд. Садои радиои мошин баланд буд. Баъди як суруди рақсӣ таронаи равоншод Дамирбек Олимов

Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,

Дар шумори бешуморон мераванд

садо дод. Ҷасур сурудро ҳамовозӣ карда мехонд ва бо кайфияту лаззати хос баҳра мебурд. Ӯ суръати мошинро баланд карда, хост тезтар ба шаҳр раванду саёҳат кунанд. Ҳарчанд Ҷамила хоҳиш мекард, ки оҳиста ронад, вале шавҳараш парвое накарда, суръатро баландтар мекард.

Ҳамин замон нохост дар гардиш камазе рӯ ба рӯяшон баромад. Ҷасур камазро дида, даступо хӯрд ва осемасар тормози мошинро зер кард. Ҳарчанд тормозро бо тамоми қувва пахш мекард, вале мошин дар ҷой наистод. Хост чамбаракро ба дигар тараф тоб дода, аз садама пешгирӣ кунад. Ҷасур аз кор баромадани тормозро дида, рангу рӯяш парид ва дарҳол чамбаракро тоб дод, вале мошин ба дигар камазе, ки меомад, бархӯрд. Фиғони Ҷасуру Ҷамила то фалак баромад. Овози даҳшатноки садама дар атроф будангонро талхакаф кунонд. Ҷасур, ки дар пеши мошин менишаст, баробари бархӯрдани мошин ҷон ба Ҷонофарин супурд. Дарҳол ба ҷойи садамашуда одамон ҷамъ омада, дар мошин будагонро берун бароварданд. Ҷисми Ҷасур алакай сард шуд буд. Вале дили Ҷамила ҳанӯз метапид, барои ҳаёт мубориза мебурд. Мехост бори охир ҷигарбандашро бинад...

                                                            ***

Падару модари Ҷасур вафот карда буданд. Ӯ ҳамроҳи завҷааш дар хона танҳо зиндагӣ мекард. Вай як хоҳар дошт, ки гоҳ - гоҳ хабаргирӣ ояд ҳам, зану шавҳарро ба ҳам ҷанг монда мерафт. Ё Ҷасурро маҷбур мекард, ки ҳамсарашро зери шартаю шурта қарор диҳад.

Дар беморхона Ҷасур ва ҷисми нимҷони Ҷамиларо оварданд. Муҳаббат - хоҳари Ҷасур ва хешу таборони ҳар ду аз фалокати нобаҳангом хабар ёфта, дар беморхона ҷамъ шуданд. Марги Ҷасур онҳоро хун гирёнд.

Баъди се соат Ҷамила ба ҳуш омад, вале барои зинда мондани ӯ умеде набуд. Вай ба ҳуш омаду гаштаю баргашта хоҳаршӯяшро мепурсид. Шояд васияте дошт, шояд...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД