sebiston july new
ЗИНДАГИИ ДУ БАРОДАРИ МАЮБ БА ХОТИРИ ЯК ПОРА НОН
1468
ЗИНДАГИИ ДУ БАРОДАРИ МАЮБ БА ХОТИРИ ЯК ПОРА НОН

Дар деҳаи Гулдараи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ ду бародарони маъюб дар шароити бениҳоят душвор зиндагӣ мекунанд. Қараев Ҷурабек ҳамагӣ 39 сол дорад

Ӯ дар овони 29 солагӣ аз пойи равон маҳрум гашта, ҳаёти фақиронааш якбора вазнинтар шуд. Ҳамсари Ҷурабек ба ҳамаи сангиниҳои ҳаёт тоб оварда, шавҳарашро баробари 2 кӯдаки хурдсолаш нигоҳубин мекунад. Мавҷуда мехоҳад фарзандаш бо шиками сер ва либоси дуруст ба мактаб равад, аммо 280 сомонии нафақаи ҳармоҳаи шавҳараш барои харидани як линча орду 1 литр равған мерасаду халос.

Қараев Атабек бародари Ҷурабек низ маъюби гурӯҳи якум мебошад. Атабек 3 сол боз мехкӯби рахти беморӣ гаштааст. Табобатҳои чандинкаратаи ин марди аз тақдир шикастхӯрда бенатиҷа буд. Оилаи Атабек калон буда, ӯ соҳиби 4 фарзанд аст, ки 3 нафари онҳо мактабхон мебошанд. Атабек мегӯяд, ки чандин маротиба бо шиками гурусна рӯзро шаб мекарданду интизор мешуданд кай ягон ҳамсояи хайрхоҳ дари онҳоро мекӯбаду як ду бурида нону ягон коса хӯрок ба онҳо хайдр кунад.

“Вақте, ки шавҳарам дар Россия буд, фарзандонам аз ҳама чиз серу пур буданд, аммо аз он рӯзе, ки Атабек пойбанди аробаи маъюбӣ гаштааст, бо фарзандонам хору зор ва дастнигари дигарон шудем”- бо сад дарду алам қисса мекунад ҳамсари Атабек.

Ҷурабек ва Атабек ҳарду бародари маъюб бе хонаю дар буда, яке дар хонаи мойиндар ва дигаре бо чор фарзандаш иҷоранишин ҳастанд.
Умедворем, ки дар моҳи шарифи Рамазон бародарону хоҳарони мусулмон нисбати оилаи ин ду бародари мӯҳтоҷ, бесарпаноҳ ва зори як бурида нон кӯмаки худро дареғ надошта, ба қадри имкон дасти сахои худро ҷониби онҳо дароз менамоянд. Як сомонии аз ҷониби ҳар яки бародарони мусулмон хайршуда, метавонад ду оилаи мӯҳтоҷро аз вартаи гуруснагӣ наҷот бидиҳад.

Нафароне, ки мехоҳанд ба ин оилаҳои мӯҳтоҷ кӯмак кунанд, ба рақамҳои зерин занг зананд: +992 900 25 03 63 ва ё ба корҳои зерин ба қадри имкон хайри худро гузаронанд: 5058 2703 4732 4815 Душанбе Сити; 505827 030 3253396 Ҳумо; 6374600000005948184 Эсхата корти ягона.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД