formula
20 000 муҳоҷирони тоҷик ба Русия фиристода мешаванд
698

Зиёда аз 100 корхонаҳои хурду калони Россия омодаанд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор қабул кунанд.

Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ҳасанзода Гулнора Кенҷа маълумот дода гуфт:

“Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ниҳоди назоратии Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнати Федератсияи Россия ёддошти тафоҳум ба имзо расидаааст ва минбаъд бехатарии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия ва пардохти саривақтии музди меҳнати онҳо зери назорат гирифта мешавад”

Ба қавли хонум Гулнора Ҳасанзода ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани мушкилиҳо дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷониби Тоҷикистон ба мақомотҳои далхдори Россия муроҷиат карда, риоя ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро талаб намояд.

“Мо аллакай аз 102 корхонаҳои хурду бузурги Россия барои интиқоли қувваи корӣ дархост гирифтем. Онҳо ба зиёда аз 20 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногун ниёз доранд. Моҳи майи соли равон даври дуюми гуфтушунидҳои Тоҷикистон ва Россия доир гашта, дар он масъалаҳои муҳими буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия, аз ҷумла бақайдгирии муҳоҷирон, таъмини онҳо бо манзили зист, фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба таҳсил ва боғчаҳои бачагона баррасӣ карда мешаванд. Пас аз ин мо гурӯҳҳои калони муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таври мутташакилона барои кор ба Федератсияи Россия мефиристем”–гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.

Ҳасанзода мегӯяд, муҳоҷирати мутташакилона шакли беҳтарини муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, зеро ҳуқуқҳои муҳоҷирон аз ҷониби давлат муҳофизат ва бехатарии онҳо таъмин карда мешавад, вале муттассифона бештари шаҳрвандони ҷумҳурии мо мустақилона ба Россия ва дигар кишварҳо ба сафари корӣ мераванд ва бо сабаби огоҳ набудан аз қонунҳои муҳоҷиратии кишвари қабулкунанда бо ҳар хел мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Дар соли 2023 ҳудуди 627028 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, 18418 нафар ба Қазоқистон ва 6568 нафар ба кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 97210 нафарашон занону духтарон мебошанд. Шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта 590 710 нафарро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД