sebiston july new
9 саволи зан ва 9 посухи мард
2921

 

ё чаро ҳамсарон ҳамдигарро фаҳмида наметавонанд?

Аксари зану шавҳарон ба маънии суханони ҳамдигар сарфаҳм намераванд ва ин чиз боиси ранҷишу баҳсу мунозираҳои зиёде мешавад. Мушкилот дар он аст, ки бонувон бештар бо ишора гап мезананд ва як чиз гуфта, тамоман чизи дигарро дар назар доранд.

Инак, мо 9 ибораи маъмулиро пешкаши шумо месозем, ки аз забони занҳо бештар садо медиҳад.  

«Мара нағз мебинӣ?»

Вақте зан чунин мегӯяд, гапаш маънии онро дорад, ки мардаш чанд санаи зарурро фаромӯш кардааст-рӯзи таваллуди ҳамсараш, вохӯрии аввалин, солгарди тӯйи арӯсиашон ва ғайра…

Ҷавоби дуруст: «Ман туро аз ҷонам бештар дӯст медорам!»

Ҷавоби нодуруст: «Ин гапро ҳар рӯз такрор кардан гирам-мӣ?»

«Салом, куҷодаӣ?»

Вақте зан ба шавҳараш занг зада, чунин савол медиҳад, гӯш ба қимор мешавад, ки аз телефон ягон овози занона меояд ё не!

Ҷавоби дуруст: «Ман бозор даромадам, барои модарат ягон рӯймоли нағз гирифтан мехоҳам!»

Ҷавоби нодуруст: «Чо мекунӣ? «Фарқаш чӣ туда?

«Ман фарбеҳ нестам?»

Зан дар ҷавоби ин суолаш аз мард шунидан мехоҳад: «Ба ман айнан ту барин зан маъқул аст!»

Ҷавоби дуруст: «Ту на харобӣ, на фарбеҳ, ба ман писанд аст»

Ҷавоби нодуруст: «Метарсам, ки дар оғӯшат нафасгир нашавам!»

«Ман наметонум ин хел!»

Маъниаш ҳамин аст, ки ман ҳоло тайёр нестам, ки ба оғӯши ту дароям, охир дар вохӯрии аввал бӯсобусӣ кардан айб аст...»

Ҷавоби дуруст: «Ман туро хуб мефаҳмам, вале бо диданат чунон масту махмур мешавам, ки худамро идора карда наметавонам.

Ҷавоби нодуруст: «Мешинем ҳамин хел- чашмаки ман-чашмаки ту карда?!»

Дар бораи чӣ фикр дорӣ?

Ин суханони зан маънии онро дорад, ки боз баъди мулоқоти ошиқона маро ягон зани бероҳа гумон накунӣ, ман аз ин хел занҳо нестам-а?»

Ҷавоби дуруст: «Фикр карда истодаам, ки барои кадом кори некам Худованд туро ба ман дода бошад!»

Ҷавоби нодуруст: «Фикр дорам, ки 4-5 литр пивои хуби «Сим-сим» бошаду қурут ё моҳии шу-уур… Ана, роҳа-ааат…. Ҳ-мм»


Шулук барин ба шавҳари ман часпида, чанд сол бераҳмона хунашро макидӣ, тамоми пули ёфтаашро кашида гирифтӣ, то ҳол сер нашудаӣ?

 


Дар куҷо будӣ?

Вақте зан чунин савол медиҳад, ин маънои онро дорад, ки ӯ аллакай дар куҷо буданатонро медонад.

Ҷавоби дуруст: «Ҷон, ҳамин хел бароҳат бо дӯстонам шиштам, ки дигар фаромӯш кардам телефонамро даргиронам.»

Ҷавоби нодуруст: «Ман мардакум, куҷое форама, рафтан мегирум...»

Биё, ҳамчун дӯст мемонем!

Ин сухан чунин маънӣ дорад, ки «ман марди аз ту дида қадбаланду хушрӯтару серпултарро ёфтаам».

Ҷавоби дуруст: «Дӯстии ту барои ман як ҷаҳон шодӣ ва фараҳ мебахшад. Умедворам, ки рӯзе ҳатман маро дӯст хоҳӣ дошт!»

Ҷавоби нодуруст: «Ин хел бошад, биё як рӯз аз ҳисоби ман ва як рӯз аз ҳисоби ту дар чойхонаи «Роҳат» мешинем? Дӯстӣ бошад, дӯстӣ-дия! Ё худам бароят ягон шӯи нағз ёфта тиям?»

Ояндаи мо чӣ мешуда бошад?

Маъниаш ҳамин аст, ки «ту маро ба занӣ мегирӣ ё не? Безор шудам аз интизорӣ, охир дугонаҳои ман кайҳо соҳиби чанд кӯдак шудаанд.»

Ҷавоби дуруст: «Ман ояндаи худро бо ту рӯшану зебо мебинам, азизам. Ваъда медиҳам, ки туро то охири умр рӯи даст бардошта мегардам!»

Ҷавоби нодуруст: «Чӣ мешавад, ҳичӣ, ҳамаамон пир мешавему мемурем, тамом!»

Зиқ шудам, мегум хонаи очам равум!

Зан гуфтан мехоҳад, ки «куртаи навамро пӯшида, ба тамошо рафтан мехоҳам».

Ҷавоби дуруст: «Биё, туро тамошо барам. Ба куҷо рафтан мехоҳӣ?»

Ҷавоби нодуруст: «Чанд вақт аст, ки очаат наомадааст, биё ҳамин рӯз ӯро хабаргирӣ равем, набошад пагоҳ худаш меояд.»

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД