formula
Аз падару модари домод пинҳонӣ никоҳ кунем?
20.04.2024
ОИЛА.ТҶ
611

 

Салом ба кулли мухлисони сомонаи Oila.tj. Ман ҳоло 19-сола ҳастам. Дар синни 17-солагӣ волидонам маро маҷбуран оиладор карданд, вале баъди 1 сол ҷудо шудам.

Баъди ҷудо шудан бо як ҷавони зебову қоматбаланд шинос шудем. Ӯ аз ман як сол калон асту дар донишгоҳ мехонад. Мо аввал бо ҳам ҳамчун дӯст гап мезадему баъди аз наздик ҳамдигарро дидан ошиқи сахт шудем. Ҳар рӯз соатҳо бо ҳам суҳбат карда, ҳафтае 2-3 маротиба вомехӯрдем. Баъди чанд моҳи шиносоиву бо ҳам будан, ман дар бораи шавҳар кардаву ҷудо шуданам гуфтам. Ӯ аввал ҳайрон шуду баъдан гуфт, ки “ман розиям туро ҳамчун зани никоҳӣ гирам, аммо пинҳонӣ аз падару модарам зиндагӣ мекунем”.

Гуфт, ки дар як тарабхона кор мекунад ва даромади хуб дорад. Дар Душанбе ягон манзили иҷора мегираду мо зиндагӣ мекунем.

Намедонам розӣ шавам ё не? Дар миёнароҳ мондаам. Раваду баъдан падару модараш оиладораш кунанд ва маро тарк карда равад... Аммо, аз тарафи дигар, ӯро дӯст медорам.

Хоҳиш мекунам, ба ман ягон маслиҳат диҳед.

ЛУТФИЯ, аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД