Arzon march 2024
Бачаи данғарагӣ аз Русия зан оварду…
2912


Сайриддин ном дорам ва зодаи Данғараам. Се сол боз дар шаҳри Якутияи Федератсияи Русия мардикорам.

Кори доимӣ, ки дорам, соле танҳо як маротиба ба аёдати волидонам меояму халос. Панҷ сол пеш модарам ба ҷону ҳолам намонда, духтари таги чашмкардаашонро келин карданд. Занамро дӯст намедоштам, вале барои наранҷонидани модарам ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, барзагови шохаш бастагӣ барин, маҷбуран зиндагӣ мекардам. Вақте ба Русия рафтаму оламу одам ва занҳои дилкаши тозаю озодаро дидам, дилам бештар аз зани қишлоқиам хунук шуд, аммо бо андешаи он, ки ҳар чи ҳам набошад, ҳамсарам хизмати модарамро мекунад, сир бой надода мегаштам. Алесяи соҳибҷамолро дар Русия ба занӣ гирифтам. Ҳар ду ҳамкорему субҳ якҷоя рафта, шом даст ба даст ба хона бармегардем. Марди хушбахт будам, то вақте ки ба Тоҷикистон омадем.

Ҳар моҳ маошамро тариқи бонк ба волидонам равон мекардам ва падару модару ҳамсарам аз чизе шикоят надоштанд, аммо як беақлиам ба сари бахту зиндагии оромам об рехт. Алеся зиёд мехост Тоҷикистонро бубинад.


Сӯҳбати хабарнигори сомонаи оила тч бо Баҳриддини Сабур дар бораи ҷанҷоли Қадами Қурбон.


Медонистам, ки зани дигар доштанамро фаҳмад, зани тоҷикам оламро оташ мезанад ва бо ҳар баҳона Алесяро фиреб карда, ин корро ба таъхир мегузоштам. Имсол рухсатиямон ба як моҳ рост омад ва ҳарду қарор додем, ки ба сайри олам мебароем. Мехостам зани дӯстдоштаамро ба Амрико тамошо барам, вале Алеся ба ҷону ҳолам намонда «Амрикоро не, Тоҷикистонро дидан мехоҳам» гуфт ва ман ночор чипта харидам.
Падару модару ҳамсарам хурсанд шуданд, ки ба дидорбиниашон меоям, бехабар аз он, ки онҳоро «сюрприз» интизор аст. Аз дарвозаи ҳавлиамон даромадан баробар бо ҳамсарам Тоҷинисо рӯ ба рӯ задем. Маро бо зани бегона дида, чашмонаш даври об шуданд ва ҳатто салом надода, борҳоро аз дастам гирифту гирён ба хона даромад. Падару модарам ба пешвозам баромада, маро гарм ба оғӯш гирифтанд, сипас бо Алеся салому алек карда, оҳиста аз ман кӣ будани ин духтаракро пурсиданд. Дурӯғгӯиро ба худ эб надида, занам буданашро ошкор намудам. Ҳамсарам Тоҷиниссо ин гапро шунида фиғон кашид ва либосҳояшро ҷамъ карда, баромада рафт. Модарам ҳарчанд кӯшиш карданд, келинашонро аз роҳаш гардонда натавонист. Алеся ба чизе сарфаҳм нарафта, хуб шаҳрро тамошо карда гашт. Зани русам бо модарам зуд унс гирифта ба ҳама корҳояш ёрӣ мерасонад, вале ман аз он дар ташвишам, ки баъди рафтани мо бечора кампир чӣ кор мекарда бошад. Ба ҳар ҳол Тоҷиниссо кору бори хонаро карда, дасти модарамро сабук менамуд, вале акнун…
Сашкаи данғарагӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД