sebiston july new
Бо як патент дар чанд минтақаи Россия кор карданро иҷозат медиҳанд?
783

 

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо як патент дар чанд минтақаи Федератсияи Россия кор карданро иҷозат медиҳанд.

Вазорати молияи Россия аллакай корро дар болои лоиҳаи қонуни нав, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо як патент дар минтақаҳои гуногуни Россия кор карданро иҷозат медиҳад, сар кардааст. Дар ин бора дар портали маълумотҳои ҳуқуқӣ хабар дода шудааст.

Дар шарҳи лоиҳа омадааст, ки қонуни нав ба Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйирот ворид менамояд.

Дар сурати қабул шудани лоиҳа, баъди як моҳи нашр гаштанаш он ба амал шуруъ мекунад ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо як патент дар чанд минтақаи Россия кор кунанд.

Ёдрас мешавем, ки айни замон муҳоҷирони меҳнатӣ бо патенти аз як минтақа гирифтаашон дар минтақаи дигар кор карда наметавонанд, масалан, агар муҳоҷир аз Маскав патент гирад, наметавонад бо ҳамон патент дар Краснодар, Якутия ё шаҳри Санкт-Петербург кор кунад. Вақти ба минтақаи дигар рафтан муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбуранд, ки дубора пул харҷ карда, патенти нав гиранд. Дар сурати қабул шудани қонуни нав хароҷоти муҳоҷирони меҳнатӣ барои патент камтар шуда, бо як патент дар дилхоҳ минтақаи Россия кор карда метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД