Oila Navruz
Чаро домоду арӯс баъди як сол ҷудо мешаванд?
2258

Ҳар як духтар орзу дорад, ки пероҳани арӯсӣ ба бар намуда ба хонаи бахташ қадам гузорад ва дар бари шоҳзодаи орзуҳояш ба пирӣ бирасад, аммо...

Қисме аз оилаҳои ҷавон баъди гузаҳтани моҳи асал, бархи дигар пас аз чанд моҳи хонадорӣ ашки надомат дар чашму ғаму андӯҳи гарон дар дил аз ҳам ҷудо мешаванд. Чаро оилае, ки бо ҳазорон орзуву умедҳо барпо гашта буд, як сол нагузашта вайрон мешавад? Биёед, сабабҳои ин бадбахтиро ҷустуҷӯ менамоем.

 Имтиҳони муҳаббат

Соли аввали издивоҷ –давраи душвору зиддиятҳост. Қариб ними навхонадорон аз ҳаёти худ норозӣ мешаванд. Дар натиҷа, баъди як соли издивоҷ қариб нисфи оилаҳо ҷудо мешаванд. Ҷудоии зану шавҳарони ҷавон аслан бо сабабҳое рух медиҳанд, ки онҳоро бартараф сохтан мумкин аст. Биёед, ин сабабҳоро ҳамроҳ дида мебароем.

 Ҳаёти баъд аз никоҳ

Домоду арӯс қабл аз тӯй якдигарро хуб мешинохтанд ва мӯътақид буданд, ки ҳаёташон мисли асал ширин мегузарад, аммо баъди тӯй сояи ҳамдигарро ахз девор метарошидагӣ шуданд. Чаро?

Гап дар сари он аст, ки пеш аз бастани ақди никоҳ ҳам духтар ва ҳам ҷавон дар ҳаёли худ зан ва шавҳари идаелӣ месозанд, вале дар дунё ягон одами идеалӣ вуҷуд надорад. Пас аз тӯй ҳам зан ва ҳам мард чеҳраи аслии худро нишон додан мегирад. Мард мисли пештара хушомад намезанад, зан низ дигар ба худаш чандон аҳамият намедиҳад. Дар ин ҳолат ҳарду аз интихоби худ пушаймон шуда, ба таҳлука меафтанд, ки оқибати кор чи мешавад. Маҳз ҳамин чиз боиси ба зудӣ вайрон шудани оилаи ҷавон мегардад.

 Чаро ишқ мемирад?

Дар асл, дилхунукии шавҳару зан дар давраи аввали ҳаёт чизи муқаррарӣ аст. Ба он, ки зан ё шавҳар чун пештара ошиқи шайдо нест, бояд оромона муносибат намуд. Муносибатҳои навхонадорон ба давраи нав мегузарад. Барои он ки ин дилсардӣ оқибатҳои ногувор наорад, аз баҳс, моҷаро ва айбҷӯӣ худдорӣ намоед.

 Бахт мехоҳӣ, гузашт намо!

Ҳар нафар феълу атвор ва одатҳои шахсии худро дорад, ки баъзан онро таҳаммул намудан душвор аст. Танҳо дар ҳаёти оилавӣ зану шавҳар бо феълу атвори якдигар шинос мешаванд. Агар ин одатҳо дар оилаи ҷавон мушкилот пайдо созанд, бояд хислати худро тағйир дод. Ибораи «туро бо тамоми неку бадат дӯст медорам» албатта хуб аст, вале наметавонад оиларо хушбахт намояд. Агар ҳам шавҳару ҳам зан аз якравии худ намонанд, ҳатман аз ҳам ҷудо мешаванд. Аз ин лиҳоз, барои мустаҳкам сохтани никоҳ бояд муросо карданро омӯхт ва аз одатҳои бад даст кашид. Дар асл ҳеҷ кас наметавонад нафареро, ки саропо бад аст, дӯст дорад.

 Дугонабозӣ накунед

Зану шавҳар то рӯзи тӯй дӯсту дугонаҳои зиёде доштанд, вале баъди издивоҷ бояд доираи дугонаву дӯстонашонро маҳдуд созанд. Хуб аст, агар дӯстони шавҳар ба зан маъқул бошанд ва баръакс. Агар не, пас бо онҳо хеле кам вохӯрдан лозим меояд. Дар акси ҳол ҷанҷолҳои ҳаррӯза дар оила ногузир хоҳанд буд.

 


 

Ман дар Тоҷикистон тавлид ёфтаам, дар ватани ман чунин духтарони боиффату поксиришт то ҳол хеле зиёданд...”

 


 

Маслиҳати хушдоман

Баъзан сабабгори ҷудоии ҳаёти яксолаи солим тақсим карда натавонистани вазифаҳо мебошад. Хатои бузургу маъмӯли ҷавонон ба ҳаёти волидони худ тақлид кардан аст. Масалан, хушдомане, ки тамоми кори хона бар дӯшаш буд, писарашро талқин менамояд, ки ба занаш кӯмак нарасонад. Ба ақидаи модар «занкалон» набояд шуд. Аммо ба ақидаи бонувони муосир, агар шавҳар зарф шӯяду ягон кори дигарро иҷро намояд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамчун мард обрӯяшро намерезонад. Илова бар ин, якҷоя ба анҷом расонидани кори хона, зану шавҳарро ба ҳам наздиктар месозад.

Чунин мешавад, ки модарарӯсе, ки рӯзгорашро як умр шавҳараш таъмин месохт, ба духтараш маслиҳат медиҳад, ки аз шавҳараш пурра таъмин кардани оиларо талаб намояд.

Шавҳар шояд аз ӯҳдаи таъмин кардан мебарояд, вале алҳол бо ҷиҳози гаронбаҳо завҷаи худро шод сохта наметавонад. Дар ин сурат, зани оқила метавонад барои ба по хестани шавҳар кӯмак расонаду ба «пандҳои» модараш эътибор надиҳад.

Муносибати хусуру хушдоман барои оилаи ҷавон санҷиши гарон мегардад. Аслан волидон бо мақсади ғамхорӣ зоҳир намудан ба фарзанди худ, ҳар қадами навхонадоронро назорат менамоянд. Аммо ниятҳои волидон холисона бошанд ҳам, дахолат ба ҳаёти ҷавонон лозим нест. Оилаи ҷавон бояд ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам равонӣ мустақил бошад, вагарна чунин никоҳ умри кӯтоҳ мебинад.

 Ғазаб –қотили ишқ

Боз як санги бузурги зериобӣ, ки киштии ҳаёти оилавиро ғарқ месозад, ҳал карда натавонистани муноқишаҳо мебошад. Дар ҳолати хастагиву асабоният ягон гуфтугӯи ҷиддиро оғоз намудан лозим нест.

Ин амал вазъиятро бадтар месозад. Агар шумо бо ҳамдигар мушкилеро ҳал кардан хоҳед, ором шаведу ҳар як гапи худро нағзакак санҷида, дар мизони ақл баркашида, баъдан бигӯед.

Хафагиҳои худро ҷамъ накунед. Кинаҳои ҷамъшуда, оқибати бад доранд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ дар гуфтани хатогиҳо саросема нашавед, зеро дар сари қаҳр ҳар гапро гуфта, оқибат пушаймон шудан мумкин аст.

Вақте хашму ғазаб ақлро тира месозанд, бояд худро ба даст гирифта, машғули кор шавед. Беҳтараш сайругашт намуда қаҳратонро фаромӯш созеду баъдан сӯҳбатро оғоз намоед.

Бинои бахтро бояд дукаса сохт. Ва нисбати ин ҷараён ниҳоят сабур, бодиққат ва боэҳтиёт бояд буд. Киштичаи бахт дар оғози зиндагии заношӯӣ ниҳоят нозук асту аз бӯрони андаке ғарқ шуданаш мумкин. Киштичаро бояд тавре сохт, ки аз ягон боду шӯриш нашиканад. Он гоҳ он мустаҳкам мегардаду зану шавҳарро аз ҳама тӯфони зиндагӣ ҳифз месозад.

 Таҳияи Нодира

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД